Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ попи Румро ба Ироқ даъват кардааст


Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ аз попи Рум Бенедикти 16 даъват кардааст, ба Ироқ сафар кунад. Нахустин мулоқоти, ба гуфтаи Ватикан, “самимона”-и раҳбари католикҳои ҷаҳон бо сарвазири Ироқ дар калисои Гандолфо 20 дақиқа тӯл кашида, мавзӯъи аслиаш вазъи Ироқ будааст.

Шумори феълии масеҳиён дар Ироқ тақрибан 600 000 баровард мешавад, ки аксаран пайрави мазҳаби Калдеон мебошанд. Барои муқоиса, то суқути давлати Саддом Ҳусайн дар Ироқ 1 200 000 масеҳӣ ба сар мебурд.

XS
SM
MD
LG