Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси бунгоҳи ҷаҳонии энержӣ


Муҳаммад Ал-Барадей, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ
Муҳаммад Ал-Барадей, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ

Муҳаммад Ал-Барадей, раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, хостори таъсиси Созмони Ҷаҳонии Энержӣ шудааст.

Ал-Барадей зимни як матлаб дар нашрияи “Financial Times” ибтидо аз сарони кишварҳои олам хостааст, ки аз бӯҳрони энержӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ба навиштаи ӯ, дар ҳоле, ки қимати нафт торафт боло меравад ва нархи ангиштсанг ҳам ду карат афзоиш ёфтааст, “кишварҳои аз ҳамдигар дур – мисли Африқои Ҷанубӣ ва Тоҷикистон, аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд ва дар бархе кишварҳо нарасидани нерӯи барқ боиси ошубҳо низ шудааст”.

Раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ афзудааст, ки айни ҳол тақрибан 1 миллиарду 600 миллион сокинони кишварҳои мухталиф, яъне чаҳоряки аҳолии сайёра ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд. Ба навиштаи Ал-Барадей, “талаботи афзоянда ба нерӯи барқ бо афзоиши аҳолӣ ва болоравии бесобиқаи иқтисодӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд бастагӣ дорад. Ӯ бо такя ба иттилоъи Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ мегӯяд, ки соли 2030 талабот ба нерӯи барқ дар олам назар ба имрӯз 50 дар сад боло хоҳад рафт.

Муҳаммад Ал-Барадей ба зарурати ҳамоҳангсозии амалҳои сиёсӣ дар робита ба мушкилоти дастрасӣ ба барқ ишора карда навиштааст, то ҳанӯз ягон ниҳоди ҷаҳоние таъсис нашудааст, ки ба ҳалли ин мушкил бипардозад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле имрӯз Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ду ниҳоди ҷаҳонии хорубор, созмонҳои ҷаҳонии молӣ ва дигар ниҳодҳои ҷаҳонӣ, аз тиҷорат гирифта то ҳавонавардиву баҳргардӣ, фаъолият мекунанд, ниҳоди ҷаҳонии энержӣ, ки муҳаррики рушди иқтисод аст, таъсис нашудааст.

Вай меафзояд, ки айни ҳол чанд ниҳоди ҷаҳонӣ ба шумули Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ва ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт фаъоланд ва аммо, бигирем ОПЕК ҳамагӣ 13 узв дорад ва таваҷҷуҳаш фақат рӯи тавлид ва содироти нафт аст. Чанд сол қабл 51 кишвар, асосан кишварҳои Аврупо ва Осиё зери Созишномаи Энержӣ имзо гузоштанд ва аммо фаъолияти ин ниҳод бо хариду фурӯш, интиқол ва ҳалли баҳсҳои марбут ба энерҷӣ маҳдуд шудааст. Ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид чаҳор сол қабл ниҳодеро мавсум ба UN-Energy таъсис кард, вале он фақат 20 узв дорад ва айни ҳол аз буҷа ҳам бархурдор нест.

"Ва оё ҷаҳони имрӯз воқеъан ҳам ба як созмони нави байнулмилалӣ ниёз дорад?" Муҳаммад Ал Барадей ин суолро ба миён гузошта ва ба он посухи мусбат додааст. Ӯ афзудааст, ки Созмони Ҷаҳониии Энержӣ метавонад тавассути арзёбиии мутахаасисон талабот ба энерҷӣ дар кишварҳои гуногуни оламро дақиқ кунад, текнолоҷии муосири дастрасӣ ба енерҷиро дар ихтиёри кишварҳои фақир гузорад, таъминот бо нерӯи енерҷӣ дар ҳолатҳои изтирориро кафолат диҳад ва ҳатто баъд аз низоъи мусаллаҳона ваё офатҳои табиӣ муваққатан кишварҳоро бо барқ таъмин намояд, пажуҳишҳои вижа дар кишварҳои мувоҷеҳ ба мушкили енерҷиро сармоягузорӣ кунад.

Раиси Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ мегӯяд, ҷой баҳс нест, ки мо ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони марбут ба дастрасӣ ба нерӯи барқ ба амалҳои муштарак ниёз дорем. Ва афзудааст ӯ, бояд ҳамин ҳол амал кард, ҳамин ҳоло, ки ки бӯҳрон ба фоҷиа табдил нашудааст.

XS
SM
MD
LG