Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Боғи Бобури Кобул


Бар асари таркиш дар шаҳри Кобул- пойтахти Афғонистон се нафар маҷрӯҳ шуданд. Алӣ Шоҳ Пактивол, як мақоми пулиси шаҳр хабар дод, ки як маргталаб худро дар назди девори Боғи Бобур – боғи фароғатии қадимаи шаҳр мунфаҷир кардааст. Афроди маҷрӯҳшуда мусофирони як автобуси хурд буданд.

Соли равон бар асари амалҳои террористӣ ва ҳамлаҳо ба муассисаҳои ҳукумативу хориҷӣ дар Афғонистон беш аз дуву ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG