Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, нирӯҳои Амрико ва Афғонистон имрӯз дар ҷараёни як амалиёт алайҳи паноҳгоҳи ҷангиён дар ғарби кишвар 15 чирикиро кушта, 15 гаравгонро аз асорат раҳо кардаанд. Генерал Муҳаммадзоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ин амалиёт дар вилояти Ҳирот сурат гирифтааст.
Имрӯз ҳамчунин нирӯҳои эътилофиву афғонӣ дар вилояти Ҷузҷон як махфигоҳи бузурги аслиҳаро аз байн бурдаанд.
Ва нирӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО мегӯянд, рӯзи шанбе дар улусволии Навзод Бисмиллоҳ Охунд, як фармондеҳи аршади чирикиҳо дар вилояти Ҳилмандро ба ҳалокат расондаанд.