Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марзбони тоҷик дар Шӯрообод кушта шудааст


Дар асари даргирӣ байни нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон дар ҳудуди ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Шӯрообод як марзбони тоҷик кушта шудааст.

Хабаргузории “Азия Плюс” мегӯяд, ин задухӯрд шаби 15 июл дар ҳошияи рустои Шоуни Шӯрообод сурат гирифтааст.

Аммо хабаргузории “Авасто” замони вуқӯъи ин даргириро 14 июл навишта, аз қавли манобеъаш дар мақомоти марзбонӣ хабарҳо дар бораи таҳти назорати мусаллаҳони афғон афтодани рустои марзиро радд кардааст.

Ожонси С-А News рӯзи чоршанбе навишт, ки ҷангиёни афғон як русторо дар Шӯрообод ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG