Мақомоти Амрико барномаи кӯмак ба ду ширкати бузурги фаъоли қарздиҳанда дар бозори манзили ин кишвар – Fannie Mae ва Freddie Mac-ро эълон карданд. Тибқи ин барнома, ҳарду ширкат ҳаққи дастрасӣ ба вомҳои изтирории Бонки марказии Амрикоро пайдо мекунанд ва вазорати дороии Амрико дар сурати пеш омадани зарурат, саҳмияҳои ин ду ширкатро харидорӣ хоҳад кард.
Вазири дороии Амрико Ҳенри Полсон дар ҳоле ин барномаи кӯмак ба ширкатҳои молиро эълон кард, ки дар ҳафтаи гузашта арзиши саҳмияҳои Fannie Mae ва Freddie Mac дар бозор беш аз 45 дарсад коҳиш ёфт.