Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи ғайриинтизори Аҳмадинажод


Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи якшанбе гуфт, ба ифтитоҳи дафтари ҳофизи манофеъи Амрико дар кишвараш ҳеҷ мухолифате надорад. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Эрон "аз ҳар иқдоме, ки барои тавсиаи равобити миллатҳо" мусоидат менамоянд, истиқбол мекунад. Матбуоти Амрико моҳи июн гузориш дод, ки дар ҳукумати Амрико масъалаи таъсиси дафтари ҳофизи манофеъи ин кишвар дар Эронро баррасӣ дорад. Эрону Амрико баъд аз Инқилоби Исломӣ дар соли 1980 равобити дипломатиашонро қатъ карданд.
XS
SM
MD
LG