Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурсати умед барои Ховари Миёна


Имрӯз дар Порис, пойтахти Фаронса нишасти кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин ва Иттиҳодияи Аврупо оғоз ба кор мекунад. Ҳадафи аслии ин нишаст таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин аст. Вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер пеш аз оғози нишасти Порис ин ҳамоишро “як фурсати умед” барои Ховари Миёна ва таъсиси Иттиҳодияи 43 кишвари ҳошияи баҳри Миёназаминро “як барномаи муштараки рушди иқтисодӣ, сулҳ, ҳукумати қонун ва ваҳдат” дар ин минтақа унвон кард.

Мизбонии нишасти Порисро Никола Саркози, раисиҷумҳури Фаронса, ки аз оғози моҳи июл раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш гирифтааст, бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG