Афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва нафт мавзӯъи аслии нишасти серӯзаи раҳбарони кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон аст, ки имрӯз дар Ҷопон ифтитоҳ шуд. Раҳбарони гурӯҳи мавсум ба G8 дар рӯзи аввалини нишаст бо раҳбарони африқоӣ мулоқот карданд. Роберт Золлик, президенти Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, гуфт, 10 миллиард доллар зарур аст, то барои фақирон пул ва барои кишти соли оянда тухмӣ ва доруҳои минералӣ дода ва харидорӣ шавад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид, аз раҳбарони гурҳи G8 хост, то ба масъалаи ба гуфтаи вай чолишҳои ба ҳампайвастаи афзоиши қимати маводи ғизоӣ, рушд ва тағйири иқлим расидагӣ кунанд.