Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - давлати фасодзада?


Cозмони «Шаффофияти байнулмилал» Тоҷикистонро яке аз фасодзадатарин кишварҳои олам арзёбӣ кардааст.

Гузориши ин созмони байнулмилалӣ ҳокӣ аз он аст, ки фасод дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа густариш ёфтааст. Бино ба гузориши ин созмон, Тоҷикистон аз ҷиҳати фасодзадагӣ дар феҳристи кишварҳои дунё дар қиёс бо як соли пеш 8 зина поинтар, рафтааст: агар соли гузашта ин кишвар аз ҷиҳати фасодзадагӣ дар зинаи 152-вум буд, ҳамакунун он дар байни 180 кишвари олам дар зинаи 160-ум қарор гирифта ва, ҳамин тавр, Точикистон дар миёни 20 давлати фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст.
Ба андешаи коршиносон, ин маънои густариш пайдо кардани фасод дар Тоҷикистонро дорад.
Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон фасод дар ҳамаи зинаҳои идораҳои давлатӣ, дар корхонаҳои санъативу кишоварзӣ, муассисоти тиббиву тиҷоратӣ, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо, дар идораҳои молиёту гумрук, маҳкамаву додситониҳо, муассисаҳои молӣ ва ҳатто дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ густариш ёфтааст.
Маҳдии Собир, коршиноси мустақил, мегӯяд, дар Тоҷикистон робитаҳои хешу таборӣ, маҳалгароию қавмгароӣ, ёру ошнобозиҳо, дуздии амволи давлатӣ, зӯроварӣ ва «харидани мансабҳо» аз шаклҳои роиҷи фасод мебошанд. Ӯ меафзояд, дар Тоҷикистон фасод ба дараҷае густариш ёфтааст, ки ҳеч мушкиле бидуни ришва осон намешавад ва ҳатто мансабҳои давлатӣ мавриди фурӯш қарор мегиранд.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, аксари мансабдорон бо маоши ҳудуди 300-долларӣ қасрҳои боҳашамат, фурӯшгоҳҳо ва мошинҳои гаронқимати мудели ахирро дар ихтиёр доранд.
Шокирҷони Ҳаким, устоди донишгоҳи байнулмилии Тоҷикистон, мегӯяд, навоқис дар қавонини Тоҷикистон, риъоят нашудани озодии баён, маҳалгароӣ дар сиёсати кадрӣ, набудани шаффофият дар фаъъолияти ҳукуматдорон, нотавонии ҷомиъа ҷиҳати назорат аз болои фаъъолияти ҳукумат иллатҳои аслии густариши фасод дар ин кишвар маҳсуб мешаванд. Оқои Ҳаким меафзояд: «Дар Тоҷикистон феълан порлумон дар низоми давлат он таъйиноти иҷтимоъиашро иҷро карда наметавонад, ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва матбуъоти даврӣ аз болои мақомоти давлат назорат бурда наметавонанд ва набудани шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин интихоби кадрҳо аз рӯи маҳал ва, дар маҷмӯъ, адами иродаи сиёсӣ боис ба он мешавад, ки фасод дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд».
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ниҳоде бо унвони Ожонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасодро таъсис дода, таййи ду соли ахир бо фасод мубориза мебарад. Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, хулосаи гузориши созмони «Transparency International» нишон медиҳад, ки фаъъолияти ин ожонсӣ муассир нест ва ба коҳиши мизони фасод дар Тоҷикистон мусоидат накардааст. Ӯ ба шаффофияти амали ин ниҳод шакк оварда, мегӯяд, агар ин ниҳод дуруст фаъъолият мекард, дар байни бо ҷурми ришвахорӣ боздоштшудагон як вазир низ ба назар мерасид. Ӯ меафзояд: «Фикр мекунам, аз он пурсишҳои ҳамагонӣ маълум аст, ки бисёртар ба фасод мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прократура, судҳо мақомоти андоз, гумрук – он касоне, ки бояд бо фасод мубориза баранд – даст ба фасод доранд».
Ба бовари коршиносон, фасод дар Тоҷикистон ба густариши нобаробариҳои иҷтимоъӣ, ривоҷи беадолатӣ, ворид нашудани сармояи хориҷӣ ва суст шудани эътимоди мардум бар ҳукумат боис шуда, ба рушди ҷомиъа ва суботи сиёсии кишвар хатар меандозад.
XS
SM
MD
LG