Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Туркия баста мешавад?


Ҳизби Адолат ва Тавсеъаи Туркия аз исломи сиёсӣ маншаъ мегирад, аммо мақомоти он идеоложии мазҳабӣ доштани ҳизби худро рад мекунанд.

Ва мухолифони он, ки худро чун ҳомиёни арзишҳои дунявии ҷомеа арзёбӣ мекунанд, мегӯянд, Адолат ва Тавсеа талош дорад, Туркияро дубора ба як давлати исломӣ табдил диҳад ва аз ҳамин хотир ҳам хоҳони баста шудани он мебошанд.

Додситони кулли ин кишвар, Абдураҳмон Ялчинкая рӯзи сешанбе, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии зидди ин ҳизб, ки паси дарҳои баста шурӯъ шуд, талош кард далелҳои худро ба додгоҳ пешкаш кунад. Дар айбмониҳои додситонӣ фаъолиятҳои ғайридунявии ҳизби ҳоким оварда шуда, инчунин тақозои аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани 71 мақоми баландпояи ин ҳизб, ба раҳбарии нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раиси ҷумҳурӣ Абдуллоҳ Гул ба мӯҳлати панҷ соли оянда карда шудааст. Дар сурати мувофиқати додгоҳ бо додситонӣ, ҳукумати Эрдуғон шикаст хӯрда, ояндаи сиёсии вай зери суол бурда мешавад.

Аслан баҳси миёни ҳизби ҳоким ва мухолифони он аз аҳзоби рӯ ба Аврупову низомиёни секуллор ва элитаи дунявии кишвар муддатҳост идома дорад. Соли гузашта додгоҳи Қонуни асосии Туркия кӯшиши ин ҳизбро барои пешбарии номзади худ Абдуллоҳ Гул ба мақоми раиси ҷумҳурии кишвар баъди мавҷи пуршиддати эътирозҳои секуллорҳо, рад кард ва аммо дар паи интихоботи зудрас, ки бо пирӯзии ҳизби Адолат ва Тавсеа анҷомид, билохира оқои Гул аз ҷониби парлумон ба мансаби президентӣ пазируфта шуд.

Моҳи гузашта парлумони Туркия қарори манъи пӯшиши ҳиҷоб ва рӯсариро дар донишгоҳҳо бекор кард ва аммо додгоҳи Қонуни асосӣ боз ҳам ин қарори парлумонро ғайриқонунӣ ва муғойир бо қонунҳои дунявии кишвар дониста лағв кард. Ин зарбаи дигари шадиде шуд болои ҳизби ҳоким.

Ва акнун парвандаи басташавии он дар додгоҳ пеш омадааст. Ҳизб аллакай ин мурофиаро чун як қазияи сиёсӣ рад кардааст, чунки ҳизбро дар оянда метавонад бо чолиши зиёд рӯбарӯ кунад. Айнан ҳамин андеша дар қатъномаи ҳафтаи гузаштаи Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо ҳам баён шудааст. Дар ин санад омадааст, ки алорағми паёмадҳояш ҳукми додгоҳ, "суботи сиёсии кишвар ва фаъолиятҳои демократии сохторҳои давлатиро ба ҳам мезанад ва ҷараёни ислоҳоти иқтисодиву сиёсии Туркияро мутаваққиф мекунад".

Як мояи дигари ташвиш ин аст, ки чунин вазъ метавонад ба ҷараёни музокироти миёни Истамбулу Бруссел барои пазируфта шудани Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо таъсири манфӣ расонад. Ин дар ҳолест, ки маҳз дар аҳди ҳизби Адолат ва Тавсеа Туркия вориди музокироти воқеӣ бо Иттиҳодияи Аврупо шудааст. Моҳи апрел раҳбари Комиссиюни Аврупо Ҳосе Мануэл Бароссо гуфт, ки номусоидии вазъи сиёсии ин кишвар ва ояндаи ларзони ҳизби ҳоким метавонад ба мақоми Туркия дар чашми Иттиҳодияи Аврупо таъсири ҷиддӣ гузорад. Вай гуфт: "Вақте ки ҳизби аз сӯи аксари мардуми Туркия интихобшуда таҳти тафтишот қарор мегирад ва мақомоти аршади кишвар низ таҳти ҳамингуна тафтиш қарор мегиранд, ин амали ғайримаъмулмист. Умедворам, ки додгоҳи конститутсионӣ бар пояи қонуни бунёдаш демократӣ ва арҷгузорӣ ба меъёрҳое, ки мо дар Аврупо дорем, тасмим хоҳад гирифт".

Ҷониби мудофеаи ҳизби Адолат ва Тавсеа бояд рӯзи панҷшанбе дар додгоҳ мавқеи худро баён кунад ва интизор меравад, ки на пештар аз моҳи август ҳукми додгоҳ содир шавад. Дар сурате, ки додгоҳ барои баста шудани ҳизб ҳукм кунад, зарурати баргузории интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ пеш меояд. Албатта, дар сурати нокомии ҳизб, аъзои он метавонанд ҳизби сиёсии наверо ташкил кунанд ва худи Эрдуғон ҳам метавонад ба ҳайси номзади мустақил дубора ба узвияти парлумон пазируфта шавад. Аммо он чи ки дар сурати баста шудани Адолат ва Тавсеа рӯй медиҳад, ин унвони нахустин ҳизби замони сари қудрат буданаш аз фаъолият бозмондаро касб кардани он мешавад.

XS
SM
MD
LG