Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимбабве: Р. Мугабе - боз президенти кишвар


Роберт Мугабе, 29-уми июни соли 2008
Роберт Мугабе, 29-уми июни соли 2008

Роберт Мугабе, раисҷумҳури 5 соли ахири Зимбабве, дирӯз ҳамчун раисҷумҳури тозаинтихоби кишвар савганд ёд кард.

Р. Мугабе дар даври дувуми интихобот ягона номзад буд ва баъд аз баргузории он комиссияи марказии интихоботӣ ӯро барандаи интихобот эълон намуд.
Дар изҳороти комиссияи марказӣ гуфта мешавад, ки ба ҷонибдории Мугабе беш аз 85 дарсади интихобкунандагон раъй додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар даври аввали интихобот дар моҳи март ӯ ҳамаги 43 дарсади ороъи интихобкунандагонро касб карда буд.
Сарвари мухолифин ва рақиби Мугабе дар даври аввали интихобот Морган Тсвангирай иддаъо намуд, ки маросими ёдкардани савганд ягон маъно надошт, чунки райдиҳӣ ғайримунсифона ва ғайриқонуни сурат гирифт. Тсвангирай, ки мегуфт зӯровари алайҳи тарафдоронаш баргузории интихоботи мунсифонаро имконнопазир мекунад, аз ширкат дар даври дувуми интихобот даст кашид.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷаи Амрико Кондолиза Райс қудратҳои ҷаҳониро давъат намуд, ки бо сабаби рафтори Мугабе дар муқобили ҳукумати Зимбабве чораҳои шадид гирифта шавад.
Ин дар ҳолест ки Марвик Хумало, сарвари ҳайъати нозирони порлумони умумии африқоӣ дар интихоботи Зимабабве, дар як нишасти матбуъотӣ дар пойтахти кишвар Ҳараре эълом дошт, ки бино бар хушунат, қонуншиканиҳои фарогир, таҳдидҳо болои мухолифин интихоботи раёсатҷумҳурии Зимбабверо воқеъӣ ва мунсифона шуморидан мумкин нест: “Бо назардошти ҳамаи он камбудиҳое, ки қаблан зикр шуда буд, ҳайъат ба хулосае расид, ки фазои дар кишвар ҳукмрон баргузории интихоботи озод, мунсифона ва қобили эътимодро номумкин аст”.
Ҳамзамон ҳайъати нозирон аз кишварҳои африқоӣ аз Иттиҳодияи давлатҳои Африқо даъват намуд, ки дар баргузории музокирот миёни мухолифин ва ҳукумат миёнҷигӣ кунанд.
Қаблан барандаи ҷоизаи Нобел усқуфи аъзами Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Десмонд Туту аз сарварони кишварҳои африқоӣ даъват кард, ки интихоботи Зимбабверо ғайриқонунӣ эълон кунанд. Ӯ ҳамчунин барои истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ҷонибдори воридшавии артиши СММ ба Зимбабверо дастгирӣ кард.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба аъзои ҳукуматаш амр кард, ки лоиҳаи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Зимбабверо таҳия намоянд. Ӯ гуфт, ки Вошингтон ба СММ фишор хоҳад овард, то дар муқобили Зимбабве чораҳои шадидтар ҷорӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳибааш бо хабарнигорон сарвари мухолифин Тсвангирай гуфтааст, ки кӯшиш мекунад Мугаберо дар мавриди қабули қонуни асосии нав ва баргузории интихоботи такрорӣ сари мизи музокирот шинонад. Дар даври якуми интихобот Тсвангирай дар муқоиса ба Мугабе ороъи бештари интихобкунандагонро касб намуда, пирӯз шуда буд. Гуфта мешавад, ки аз он замон то кунун шибҳинизомиёни ҷонибдори ҳизби ҳоким дастикам 90 тарафдори мухолифинро кушта ва беш аз 200 000 нафарро аз манзилҳои зисташон ронданд.

Вале ҳукумат дар сар задани хушунатҳо ҳизби Тсвангирайро муттаҳам мекунад. Ҳамин тариқ, Роберт Мугабе ба муддати боз 5 соли дигар раисҷумҳури Зимбабве мемонад.
XS
SM
MD
LG