Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян яке аз рамзҳои барномаи ҳастаияшро тарконд


Кореяи Шимолӣ ба думболи ироаи гузориши муфассал дар бораи барномаи ҳастаияш имрӯз яке аз рамзҳои ин барномаро нобуд сохт. Ба иттилоъи телевизиони Кореяи Ҷанубӣ ва хабарнигороне, ки дар ҷойи ҳодиса ҳузур доштанд, дар реактори ҳастаии Ёнгбон манораи 20 метра тарконида шуд.
Имрӯз вазирони хориҷаи ҳашт кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар рӯзи ахири нишасти худ дар Ҷопон аз Пхенян даъват карданд, ки ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳониро идома диҳад ва тасмими худ барои қатъи барномаи ҳастаиро собит созад. Дирӯз Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури ИМА аз иқдоми ахири Кореяи Шимолӣ истиқбол кард ва гуфт, ки Вошингтон ба зудӣ шояд бархе аз таҳримҳо алайҳи Пхенянро лағв созад.
XS
SM
MD
LG