Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи оянда алайҳи Зимбабве таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Дар ин бора вазири умури хориҷаи Олмон Франк -Вальтер Штайнмайер баъд аз анҷоми мулоқоти раҳбарони идораҳои сиёсати берунаи ҳашт кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Ҷопон хабар дод. Вазирони хориҷаи “ҳаштгона” изҳор намуданд, ки натоиҷи даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳур дар Зимбабверо эътироф нахоҳанд кард. Даври дуввуми интихобот айни ҳол идома дарад ва дар рӯйхати номзадҳо фақат ному насаби раисиҷумҳури феълӣ Роберт Мугабе сабт шудааст. Раҳбари мухолифини Зимбабве Морган Цвангирай дар арафаи раъӣдиҳӣ ва ба нишони эътироз алайҳи таъқибу куштори ҷонибдоронаш номзадияшро бозхонд.
Баргузории даври дуввуми интихобот ва саркӯбсозии мухолифинро қаблан сарони бархе аз кишварҳои олам, Иттиҳодияи Аврупо ва чанд кишвари африқоӣ маҳкум карда буданд.