Ин ҳаракати манфиро се омили асосӣ ба вуҷуд овардаанд. Пеш аз ҳама "ноқонунмандии давлат", сипас вазъи иқтисодӣ ва ниҳоят ҳуқуқи инсон. Дар шаҳри ин омилҳо, пажӯҳишгарони Бунёди сулҳ ва маҷаллаи "Forеign Policy" менависанд, давлатҳое ки натавонистаанд, барои шаҳрвандон нақши як давлати комил ва устуворро бозӣ кунанд, умдатан дар таъмини рушди иқтисодӣ ва рифоҳи мардум заъф нишон дода, барои ҷилавгирӣ аз норозигии шаҳрвандон даст ба нақзи ҳуқуқи онҳо ва маҳдуд кардани фазои сиёсӣ задаанд.
Аммо Сайфулло Сафаров, ноиби раиси Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба чунин баҳогузории Бунёди сулҳ ва маҷаллаи "Forеign Policy" дар мавриди Тоҷикистон ва умуман кишварҳои Осиёи Марказӣ эътимод надорад. Ба ақидаи вай, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон давлат муҳимтарин вазифааш -- таъмини амнияти шаҳрвандонро дар мадди аввал мегузорад.
Бархилофи ҷаноби Сафаров, ноиби раиси Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов хулосаи Бунёди сулҳ ва маҷаллаи "Forеign Policy" дар мавриди Тоҷикистонро тасдиқ мекунад ва иқтисодиёт ва рифоҳи мардумро мушкили аввали давлат мешуморад. Ишораи ӯ ба афзоиши муҳоҷирон амалан яке аз нишондиҳандаҳои гузориши Бунёди сулҳ ва маҷаллаи "Forеign Policy" мебошад, ки "гурез ё ҷалои ватан" ном дорад.
Шохиси дигарро шикояти гурӯҳӣ ё оммавӣ ташкил медиҳад, ки агар дар Зимбабве ба баландтарин сатҳ -- 10 дараҷа бошад, дар Тоҷикистон 6,5 дараҷа будааст. Ба эҳтимоли зиёд рӯйдодҳои Рашт, Исфара, Кӯлоб ва ахиран Хоруғ, ки хабари онҳо аҳолии кишварро нороҳат кардаву ба матбуоти ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст, сабаби баҳои манфӣ ба Тоҷикистон шудаанд.
Вале ноиби раиси Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, ҳолатҳои ҳамсони манотиқи гуногуни кишвар дар пешрафтатарин давлатҳо низ иттифоқ меафтад ва агар таркише дар Лондон ё мошинсӯзӣ дар Парис дар аҳолӣ нороҳатӣ эҷод мекунад, ба он маънӣ нест, ки инҳо давлатҳои нокоманд. Вай афзуд: "Ҳаракати давлат бар зидди қочқбарони маводи мухаддир бояд аломати пурқувватии давлат дониста шавад, ки мехоҳад бо чораҳои пешгирикунанда амнияти мардуми хешро таъмин намояд. Аз сӯи дигар агар мардум дар Хоруғ митинг карданд, ба назари ман, бадие надорад, бигзор мардум ба майдон бароянд, фикри худро бигӯянд, вале ин маънои онро надорад, ки дар он ҷо ягон ҳодисаи дигар сар мезанад. Ба шарте ки дар он ҷо мубориза зидди қочоқбарон сар нашавад, дар дигар ҳолат ҳама ором аст. Вале давлат дар ҳар ҳолат бар зидди ин гуна падидаҳои ҷинояткорӣ бояд пурқувват бошад ва муборизаи шадид барад."
Ба ин ақидаи ҷаноби Сафаров Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мувофиқ нест ва мегӯяд: "Вoқеъан дар Бритониёи Кабир, Фаронса ё Олмон мардум ба шаклҳои мухталиф эътирози худро баён мекунанд, вале ҳадро нигоҳ медоранд ва ҳар лаҳза ки аз ҳад гузашт, полис ва мақомот мудохила мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон чунин аст, ки бо вуҷуди тазмини қонуни асосӣ ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии давлат мардум аз лаҳзаи ба нақша гирифтани тазоҳурот ё шакли дигари эътироз зери фишори мақомот қарор мегирад. Ба ҳеҷ гуна эътироз роҳ намедиҳанд, зеро аз реша гирифтани фарҳанги тазоҳурот метарсанд. Сабаби кӯшишҳои ахири даст задан ба тазоҳурот ин паст будани сатҳи зиндагӣ, камбудиҳо дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, маҳалгароӣ, фасод ва дигар зуҳуроти номатлуб аст."
Шокирҷон Ҳакимов роҳи ҳалли ин мушкилот ва беҳбуди вазъро дар баррасии ошкоро ва шаффофи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинад. Суоли охирин ва умумии ман аз ҳарду коршинос ин буд, ки оё ба сурати куллӣ тақрибан чӣ теъдод аз шаҳрвандон аз сиёсатҳои давлат ҳимоят мекунад? Посухи Сайфулло Сафаров, ноиби раиси Маркази мутолеъоти стратегии назди президенти Тоҷикистон: "Ман фикр мекунам, ки 99 дарсади мардум аз давлат пуштибонӣ мекунанд ва як дарсаде ки ба гурӯҳҳои ҷинояткорӣ машғул ҳастанд ё ин ки фақат рӯҳияи оппозисюнии ғайрисозанда доранд, аз давлат пуштибонӣ намекунанд."
Ва назари Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон: "Аввал ин ки нодуруст аст, ҳар касеро, ки як эътироз дорад ва ё фикраш ба афкори давлатӣ ҳамоҳанг нест, ҷинояткор номид. Сониян, аз оғози истиқлолият то имрӯз ягон бор омӯзиши афкори мардум ҷараён нагирифтааст, ки сатҳи ҳимоят ва заминаи иҷтимоии давлатро муайян кунад. Интихоботҳое, ки ҷараён доштанд, бо сабабҳои маълум ин нақшро бозида натавонистаанд."
Тавре шоҳид шудем, ду коршинос дар робита ба шохиси Тоҷикистон дар раддабандии давлатҳои ноком ва дармондаву осебпазир, ки Бунёди сулҳ ва маҷаллаи "Forеign Policy" ё "Сиёсати хориҷӣ" рӯзи душанбе нашр карданд, ақидаҳои зидди ҳам доранд, ки ба андозаи зиёд метавонад, баёнгари афкори иҷтимоии тоҷикон дар ин робита бошад.