Вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Бишкек нишасти панҷуми худро баргузор карданд ва дар ин нишаст Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ширкат дошт.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, таи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Бишкек изҳор кард, ки равобити фарҳангии миёни кишвараш бо Қирғизистон беш аз пеш тавсаъа меёбад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки фарҳанг ҳамон асолати худро, ки ба ҳам қарин гардонидани ҳамаи сокинони сайёраи замин аст, иҷро хоҳад кард.
Ба таъкиди оғои Асрорӣ эҳё намудани рӯзҳои адабиёт ва фарҳанг фақат ба манфиати кор хоҳад буд.
Вай афзуд, ки солҳои ахир, ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими равобити дӯстонаи миёни кишварҳо ва ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни ғании тоҷикон баргузории рӯзҳои фарҳангро омили муҳим мешуморад.
Ба гуфтаи вазири фарҳанги Тоҷикистон воқеъан ҳам дар Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд ва дар устувор гардонидани дӯстии миёни кишвараш бо ин мамолик мусоидат намуд.
Дар чаҳорчӯбаи ин нишаст дар осорхонаи ҳунарҳои зебои шаҳри Бишкек як намоишгоҳ низ ифтитоҳ ёфт. Вазири фарҳанги Тоҷикистон пиромуни ин намоиш гоҳ гуфт, ки маъмулан ҳангоми мулоқоти вазирони фарҳанг ин гуна намоишгоҳҳо раҳандозӣ мешаванд.
Вай афзуд, ки ин намшоишгоҳ боз як бори дигар ифо дагари он аст, ки Тоҷикистон ва кишварҳои узви ин созмон соҳиби чи гуна таърих ва фарҳанг ҳастанд.
Дар гӯшае, ки ин намоишгоҳ барои ҳунармандони муосири Тоҷикистон ҷудо карда буд, тамошобинони зиёд намунаҳои беҳтарини кашидадӯзиву сӯзанӣ, либоси шоҳонаи зардузӣ, зарфҳои ҳаккокишуда, қолинҳои дастбофт ва амсоли онро тамошо карданд.
Гуфта шуд, ки ин намоишгоҳ идомаи мантиқии татбиқи нақшаи ҳамкориҳои миёни кишварҳои узви СҲШ дар бахши фарҳанг мебошад.