Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табъизи занони бева ва талоқшуда


Мавқеи иҷтимоии зан метавонад ба хушбахтиву обрӯи вай афзояд ва баръакс, халали ҷиддӣ ворид кунад. Хулосаи пурсиши 18000 нафар дар 17 кишвар.

Ахиран як созмони ҷаҳонии назархоҳӣ ( World Public Opinion ) баъди пурсиши афкори 18000 сокини 17 давлати ҷаҳон ба хулосае омадааст, ки муносибати мардум ба бевазанҳову занҳои талоқдида назар ба хонумҳои соҳиби оила нисбатан манфӣ будааст.

Ин гузориш мегӯяд, ки муносибати ҷомеа нисбати ин гурӯҳи занҳо бадтар буда, онҳо бештар таҳқир мешаванду ҳуқуқи онҳо бештар поймол мешавад. Ин пурсиш дар Чину Ҳинд, ИМА, Индонезӣ, Нигерия, Русия, Мексика, Бритониё, Фаронса, Озарбойҷон, Украина, Миср, Эрон, Туркия, манотиқи Фаластинӣ, Таиланд ва Кореяи Ҷанубӣ роҳандозӣ шудааст.

Танҳо дар ду кишвари пурсидашуда мардум гуфтаанд, ки дар нисбати бевазанҳо ва танҳо дар як давлат гуфтаанд, ки нисбати занҳои талоқдида муносибати манфӣ дар ҷомеаи онҳо вуҷуд надорад. Аммо дар 12 кишвар таъкид мешавад, ки чунин занҳо бо табъиз ва фарқгузорӣ дар ҷомеа рӯбарӯ мешаванд.

Раҳбари созмони назархоҳии World Public Opinion Стивен Кулл мегӯяд, ки "Табъизи занҳои талоқдидаву бевазанҳо ба назар чун падидае дар кишварҳои зиёд ба чашм мерасад ва шарт нест, ки ин ҷомеа дорои фарҳанги суннатӣ бошад". Вай афзуд, аксари кишварҳо иқрор кардаанд, ки ҳадди аққал як навъи табъизу фарқгузорӣ нисбати ин гурӯҳи занҳо дар ҷомеаи онҳо вуҷуд дорад. Вай мегӯяд, ки шаклҳои чунин муносибати бад метавонад мухталиф бошад.

Дар кишварҳои нодор маъмулан баъди марги ҳамсар занҳо, ки соҳиби фарзанд ҳам ҳастанд, аз дороии хонаводиашон, яъне аз манзилу замин маъмулан маҳрум ва ба қатори бахши нодори ҷомеа шомил мешаванд. Айнан чунин ҳолат бо занҳои ҷудошуда аз шавҳарҳояшон рӯй дода метавонад, мегӯяд таҳқиқот, ба вижа вақте қонунгузории кишвар ҳақи занро дар мавриди талоқ камтар нишон дода бошад. Дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ рушдкарда ҳам ҳоли занҳои ҷудошудаву бевазанҳо ҳамингуна бадтар мешавад ва дар мисоли ИМА гуфта мешавад, ки мизони нодорӣ дар миёни ин гурӯҳи занҳои амрикоӣ аз нишондодҳои миёна болотар будааст.

Дар таҳқиқоти мазкур гуфта мешавад, ки бо ин андешаҳо аз 54 то 81 % сокинони Чину Нигерия, Фаластину Туркия в Кореяи Ҷанубӣ розӣ шудаанд. Пажӯҳиши мазкур инчунин вазъи занҳоро дар давлатҳои мусалмон алоҳида ба риштаи таҳқиқ кашида мегӯяд, ки занҳои талоқдида дар ин ҷомеаҳо назар ба бевазанҳо бо муносибати боз ҳам бадтар рӯбарӯ мешаванд: дар Миср - 80%, дар Туркия - 72 %, дар Фаластин - 53 %, Эрон - 51 % ва Озарбойҷон - 54 %.

Таҳқиқоти мазкур дар Рӯзи байналмилалии бевазанҳо нашр шудааст, ки 23 июн таҷлил шуд. Риояи ҳуқуқи ҳама бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла занони бешавҳару талоқдида аз арзишҳои муҳими инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Аммо дар Тоҷикистон вазъ аз ин назар зиёд фарқ намекунад.

Мушоҳидаҳои ҷомеашиносон нишон медиҳад, ки баъди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин кишвар шумори занони бесаробону бешавҳармонда фавқулодда зиёд шуд ва дар ҷомеа як шикасти ахлоқие ба миён омад, ки ба мавқеи зан таъсири мустақим гузошт. Занони бешавҳар ва ё талоқдида аз назари аксар мардон аз эҳтирому эътимоди камтар бархурдор шуданд. Вақтҳои охир ҳатто вожаи "бева" ба як истилоҳи таҳқиромезе табдил шудааст, ки маъмулан барои озор расондан ба зан кор бурда мешавад. Афзоиши бисёрҳамсарӣ, издивоҷи барвақтӣ, ба танфурӯшӣ ҷалб кардани духтарҳои ҷавон аз оқибатҳои ин вазъи сангини ҷомеа гуфта мешавад.

Зани бешавҳар ва соҳиби фарзанд дар бисёр ҳолатҳо якбора ба гурӯҳи нодор ва дастнигари ҷомеа шомил мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар нодориву мӯҳтоҷии вай боз ҳамон шавҳар ва оилаи ӯ айбдор аст, ки шароити таҳсил, кор, касби ихтисосро фароҳам наовардааст.

Манзура, як духтари талоқдидаи тоҷик, ки бо далели хонадоршавии дуюмбораи шавҳараш бо як зани дигари ҷавон хати талоқ талаб кардааст, мегӯяд, сарнавишти зани "бесоҳиб" ба маротиб бадтар аз духтари хона мебошад: "мардони кӯча бо чашми харидор менигаранду аммо омода нестанд туро ба як зани соҳиби ҷову манзили худ табдил диҳанд. Зани талоқдида танҳо чун мояи дилхушӣ барои мардони мухталиф арзёбӣ мешавад, на бештар аз ин, чунки ба фарқ аз духтархо, дар баробари ин бахши занҳо аслан як зарра масъулият эҳсос намекунанд".

Манзура афзуд, ки танҳо бо далели танҳову бешавҳар буданаш маъмулан ҳамсарҳои дугонаҳояш иҷоза намедиҳанд, ки ҳамроҳаш ба меҳмонӣ ва ё сайру гаште бароянд. "Ва як чизи аламовари дигар ин ки дар бисёр вақтҳо худи занҳо - ҳамсолонам, модарони дугонаҳоям ва ё пиразанҳо ба ман бо чашми бад менигаранд. Агар занҳои ҷавон тарсанд, ки шавҳарҳояшонро мебарам, занҳои дигар фикр мекунанд, ки ман бо мардони мухталиф мегардам" - гуфт Манзура. "Аммо ҳеҷ кас бовар намекунад, ки бо вуҷуди хиёнати шавҳарам ба ҷуз вай дигар бо касе оиладоршавиро тасаввур карда наметавонам".

Манзура ва ҳазорҳо ҷавонзанҳои болу паршикаста мегӯянд, ки мутаассифона талқини хонадориву шавҳардорӣ, ки чун вазифаи асосии зан дар зиндагӣ арзёбӣ мешавад, аз хурдсолӣ шурӯъ мешавад ва ҳар кас, ки бо амри тақдир аз чунин бахт маҳрум шудааст, дигар аз ин тасаввури сохтаи ҷомеа берун мешавад. Ба як нуқсе табдил мешавад, ки ислоҳу таҳрири он кори осон нест. Ба далели ин, мақолу гуфтаҳои мардумӣ аст, ки васфи шавҳардориро мекунанд ва занони бешавҳарро ба гурӯҳи хосса ё гоҳо раддимаърака ҷудо мекунанд.

XS
SM
MD
LG