Зимни нишасти фавқулоддаи кишварҳои асосии содиркунан дагони нафт Абдулло, шоҳи Арабистони Саъуди дар ҷаҳиши бесобиқаи нархи нафти хом қаллобони бозорҳои ҷаҳониро муттаҳам намуда, ба шафофияти бештар ҳангоми бастани қарордоҳо дар ин бозорҳо даъват кард.
Абдуллоҳ иттилоъ дод, ки кишвараш истихроҷи нафтро афзоиш дода ба 9 миллиону 700 ҳазор бушка дар як рӯз расондааст. Дар ҳоле, ки қимати як бушка нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ қариб ба 140 доллар расида сабаби ба миён омадани этирозҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон шудааст, шоҳ изҳор намуд, ки барои поин бурдани танишҳо истихроҷи нафт бояд боло бурда шавад: “Ман ба оғози барномаи вижаи таъмини нодорон бо энержӣ даъват мекунам, ки бояд ба кишварҳои дар ҳоли рушд имкон диҳанд болоравии нархи энержиро таҳаммул кунанд.”
Абдуллоҳ афзуд, ки ҳукуматаш барои анҷоми ин барнома ва осон кардани вазъи кишварҳои нодор ният дорад 1 миллиарду 500 миллион доллар ихтисос диҳад.
Шоҳи Саъудӣ аз сабабҳои дигари болоравии нархи нафт афзоиши истеъмоли он ва молиёти баландро зикр намуда, инчунин гуфт, рафтори зишти қаллобон, ки танҳо манфиатҳои шахсиашонро думбол мекунанд низ сабаби пеш омадани бӯҳрон шудааст. Аммо бо ин андешаҳо дигар ширкатдорони ин нишаст розӣ шуда наметавонанд.
Нишаст, ки дар пойтахти Арабистони Сауди шаҳри Ҷидда 22 июн оғоз гардид то фардо, 24 июн идома хоҳад ёфт. Мавзӯъи нишаст болоравии бесобиқаи нархи нафт мебошад.
ИМА ва Ғарб кишварҳои содиркунандаи нафтро дар муташанниҷ сохтани вазъ муттаҳам мекунанд. Вазири энержии Амрико Самуэл Бодман мегӯяд, ягон мадраке пайдо нашуд, ки тасдиқ кунад қаллобон нархро боло мебаранд.
Нахуствазири Британиё Девид Браун зимни суханронии дирӯзааш дар нишасти Ҷидда эълом дошт: “Мо аз захираҳои баҳри Шимолӣ боз 25 миллион бушкаи иловагӣ истихроҷ хоҳем кард. Мо Нигерия, Ироқ ва дигар кишварҳоеро, ки мехоҳанд аз маҳдудиятҳои мавҷуда берун шаванд дастгирӣ хоҳем кард, то ки онҳо истихроҷи нафтро афзоиш диҳанд. Ман ҳамаи содиркунандагони нафтро даъват мекунам, мамониятҳои мавҷуда дар пеши роҳи сармоягузории стротежии навро бартараф кунанд”.
Браун афзуд, ҷаҳон бо бузургтарин бӯҳрони нафтӣ дар даҳсолаҳои наздик рӯбарӯ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки вазири нафти Арабистони Саъудӣ, Алӣ ал Нуаймӣ эълом дошт, ки захираҳои нафт дар ҷаҳон кофӣ аст ва ҳоло барои чанд даҳсолаи дигар хоҳад расид ва кишвараш қасд дорад истихроҷи нафтро ба 15 миллион бушка дар рӯз расонад.