Баҳси ибодатгоҳи яҳудиён ва шаҳрдории Душанбе аз ду сол ба ин ҷониб идома дошт ва ахиран додгоҳ ин баҳсро ба манфиати шаҳрдорӣ ҳал кард. Масъулини канисаи яҳудиён иддао доштанд, ки ин сохтмон моликияти ибодатгоҳ аст. Аммо додгоҳ ин сохтмонро моликияти шаҳрдорӣ дониста ва гуфтааст, ки масъулини каниса асноди лозимро, ки собит кунад сохтмон моли каниса аст, натавонистаанд пешниҳод намоянд.
Михаил Абдураҳмонов роҳиби канисаи яҳудиён мегӯянд, ҷои дигаре барои бунёди ибодатгоҳ то кунун барои онҳо пешниҳод нашудааст.
Бар асоси тарҳи сохтмони муҷтамаи Қасри миллат ҳамаи манзилҳои истиқоматӣ ва инчунин пойгоҳи низомии Русия низ аз маҳалли ин сохтмон кӯч дода шуданд.