Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи зан ва ҷанг дар Шӯрои амният


Дар ин муддат СММ барои муҷозоти омилони ин гуна ҳодисаҳо додгоҳҳои ҷиноёти ҷангиро барои кишварҳои Балкан ва Руанда ташкил кардааст. Дар гузориши вижаи вазорати хориҷаи ИМА, ки дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дирӯз муаррифӣ шуд, роҳҳои муқобила бо ин мушкил баррасӣ шудааст.

Кандализа Райс, вазири хориҷаи Амрико ва намояндаи кишваре, ки раҳбарии давраии Шӯрои амнияти СММ-ро ба ӯҳда дорад, гуфт, ки кӯдакони 8-сола ҳам акнун қурбони ин гуна бадрафториҳои муташаккилонаи нангин дар шароити ҷанг мешаванд. Хонум Райс гуфт, дар сурате, ки ба ҳайати Шӯрои амнияти иборат аз 15 узв ҳамингуна шумори хеле ночизи занон шомил бошанд, пас талошҳои СММ натиҷа нахоҳад дод. Вай гуфт, дар тӯли фаъолияти шастсолаи ин ниҳод танҳо шаш зан дар мақоми муовини вазир ва ё поинтар аз он фаъолият кардаанд.

Хонум Райс даъват кард, ки дар сурати рӯй додани чунин ҷиноятккориҳо низомиён, ба вижа сарбозони нирӯҳои посдори сулҳи СММ бояд муҷозоти шадид бинанд. Вай гуфт: "Яке аз роҳҳои муҳиме, ки мо арзишмандии ҷомеаи байналмилалии худро баҳо дода метавонем, ин аст, ки бубинем, то кадом андоза мо мавриди ҳимоят қарор дошта, адолатро дар ҳақи заъфпазиртарин аъзои ин ҷомеа таъмин карда метавонем. Вақте занону духтарон азият шуда, мавриди таҷовуз қарор мегиранд, ҷомеаи байналмилалӣ хомӯш ва беамал буда наметавонад. Ин масъулияти мо аст, ки вакилони мудофеъ ва ҳомиёни онҳо бошем. Имрӯз мо чунин як тасмими муҳиме мегирем, ки роҳи моро барои расидан ба мақсад ҳамвор мекунад".

Яке аз онҳое, ки дар ин нишаст суханронӣ кард, вазири хориҷаи Либерия буд, ки гуфт, гоҳо таҷрибаи давлатҳои алоҳида дар муқобила бо ҷиноёти зишти ҷангӣ метавонад намуна бошад. Раиси ҷумҳурии ин кишвар Элен Ҷонсон Сирлиф, танҳо зани президент дар таърихи Либерия қонунҳои кишварро барои ин гуна ҷиноёт шадидтар кардааст.

Чунин масъала дар ҳама давру замон ва дар ҳама ҷангҳое, ки инсоният ёд дорад, вуҷуд дошт. Оё мешавад, ки аз такрори ин гуна ҷиноятҳо, ки ба як дарди кӯҳна табдил шудааст, имрӯз ҷилавгирӣ ба амал ояд? Ба ин суол Патрисия Скотланд, додситони кулли Бритониё, ки дар нишасти Шӯрои амнияти СММ ҳузур дошт, гуфт, ки таърих нишон медиҳад, ки дар садаи гузашта баъзе чизҳо тағйир ёфтааст ва ӯ ба се нукта дар ин замина ишора кард: "Хушунати ҷинсӣ имрӯз ба ҳайси як василаи ҷангӣ, на як паёмади нохуби бесуботиҳо истифода мешавад. Ва ҳоло ин гуна мавридҳо назар ба гузашта боз ҳам бештар рӯй медиҳад. Дуюм ин ки ҳоло мо дарк мекунем, ки чӣ гуна хушунати ҷинсӣ метавонад эҳёи муҷаддади баъдиҷангиро бо мушкил рӯбарӯ кунад. Сеюм ва шояд муҳимтарин чиз ин аст, ки мо тавони муқобила бо ин мушкилро дорем".

Додситони Бритониё афзуд, ки маъмулан дар шароити ҷанг бори гарони хушунат, таъқиб ва маҳрумиятҳои иқтисодӣ ба дӯши занҳо мебошад, тавре дар мисоли занони Бурма дидан мумкин аст.

Масъулини СММ мегӯянд, нахустин бор ба ин мавзӯъ дар нишасти соли 2001 муроҷиат шудааст, вақте аъзои ин созмон ҷангҳои Бурундиро баррасӣ мекарданд. Дар поёни нишасти онҳо қатъномаи 1325 оид ба хушунат алайҳи афроди мулкӣ қабул шудааст. Аммо тавре бархе таъкид карданд, ин санад ба пуррагӣ иҷро намешавад ва ҳанӯз ҳам кори зиёде бояд барои ҷилавгирӣ ва ё ба муҷозот кашондани омилони ин гуна ҷиноятҳои зишт анҷом шавад. Вазири хориҷаи Итолиё дар ин замина гуфт, яке аз паёмадҳои бади ин гуна ҳодисаҳо ин аст, ки зани қурбонии бадрафторӣ барои тамоми умр шикаста мешаваду аҳли ҷомеа ҳам ба сӯи вай ангушти ишора баланд мекунанд. Қарор аст, дар заминаи ин мавзӯъ маърӯзаи 60 ширкатдори нишаст шунида шавад ва баъдан қабули қатъномае дар назар аст.

XS
SM
MD
LG