Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳангоми суханрониаш дар ифтитоҳи маҳфили бузургдошти поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ҷумла, гуфт, “Рӯдакӣ, дар ҳақиқат, султони шоирҳост”!
Бан Ки Мун афзуд: “Воқеъияти он ки баъд аз гузаштани беш аз 11 сада аз замони вафоташ мо ҳама дар СММ гирди ҳам омада, дар бораи аҳаммият ва таъсири амиқи шеърҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сӯҳбат мекунем, худ як нишонаи бузургии ӯст. Чи хуб шуд, ки СММ ки ҳадафҳои он сулҳ, пешрафт ва ҳуқуқҳои инсон мебошад, бузургдошти ин шоирро таҷлил мекунад, шоире ки бо чунин зебоӣ ва арзишҳои хубӣ ва адолатро ба баландиҳои дастнорас баровард. Бо соддагиву зарифӣ Рӯдакӣ бунёдгузори адабиёти клоссикии форсӣ гашт. Ӯ назмро аз ҷанбаъи хаёлот берун кашида, ба ҳаёти муъосир наздик кард. Эҷодиёташ ба ҷомеъа нури фалсафаи нав бахшид”.
Маросими ҷашни солгарди мубораки сардафтари адабиёти форсу тоҷик аз чанд қисм иборат буд. Қисми аввал аз конфронси илмӣ иборат буд, ки дар он олимони намоён аз се кишвари форсизабон Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон дар бораи мероси беназири зодаи бузурги тоҷикзамин, панду ҳикматҳо, ҳаёт ва таъсири эҷодиёташ ба тамоми шоирони на танҳо форсзабон, балки кулли ҷаҳон ҳарф мезаданд.
Профессори риштаи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Колумбияи Ню-Йорк Алис Ҳансбергнер, ки раисии нишастро ба зимма дошт, ба радиои “Озодӣ” дар бораи ҷойгоҳу мақоми устод Рӯдакӣ дар адабиёти ҷаҳон сӯҳбат кард.
Намояндаи Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов доиршавии ҷашни 1150-солаги Рӯдакиро дар СММ баланд арзёбӣ намуд.
Қисми дувуми маҳфил иборат аз намоишгоҳи наққошиҳои рассомони тоҷик Фаридун Неъматзода, Хушвақт Хушвақтов ва Леонид Хушвақтов, намунаҳои асбобҳои мусиқӣ, намунаҳои либосҳои бостонӣ ва маҳсули кори устоҳои сангтароши Тоҷикистон буд.
Намоишгоҳро муовини аввали Дабири кулли СММ доктор Аша Рос Мигиро ифтитоҳ кард. Дар сӯҳбати хусусӣ бо радиои “Озодӣ” хонум Мигиро, аз ҷумла, гуфт: “Ба фикри ман, ин намоишгоҳи олиҷаноб аст. Рӯдакӣ санъаткор, шоир ва ҳамзамон навозандаи чирадаст ва бузургистеъдод буд. Фарҳанг ба дили ҳар кас роҳ меёбад ва ин санъат имрӯз ҳамаи моро гирдиҳам овард. Санъати рассомони шумо ба ман хеле писанд омад”.
Дар поёни рӯзи аввали бузургдошти устод Рӯдакӣ консерти ҳунармандони се кишвари форсизабон – Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон – доир гашт, ки дар он Афзалшоҳ Шодиев, Озодахон Ашӯрова, Маҳмадсафар Муродов, Шуҳрат Сайнаков, Шоиста Муллоҷонова ва Малика Қаландарова ширкат варзиданд.
Суруду базми ҳунармандони тоҷик аҳли толори СММ-ро ба шавқ овард. Тоҷикони муқими Амрико, ки теъдодашон дар ин толор зиёд буд, ба рақс даромаданд.