Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти аҳзоби сиёсӣ дар Хуҷанд


Аҳзоби сиёсии Суғд зимни як ҳамоиш номустақилии бахши кишоварзиро аз омилҳои аслии баланд рафтани нархи ғизо дар Тоҷикистон унвон карданд.

Аҳзоби сиёсии Суғд бо баргузории як ҳамоиш дар Хуҷанд номустақилии бахши кишоварзӣ, ба бозор роҳ наёфтани деҳқонони оддӣ, заъфи фаъолияти мақомоти назоратиро аз омилҳои аслии баланд рафтани нархи ғизо дар Тоҷикистон унвон карданд.

Файзулло Файзиев, раҳбари бахши суғдии Ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар зери назорати шадиди давлатӣ қарор доштани бахши кишоварзӣ ва танҳо ба пахтакорӣ ихтисос додани онро як иллати аслии болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон номид ва гуфт, ки агар замин ба деҳқон дода шавад, худаш метавонад обро ҳам таъмин кунад ва бозори истеъмолии мардумро бо маҳсулот ғанӣ гардонад.

Оғои Файзиев афзуд, беш аз 60 дар сади соки нони ин кишвар, аз рӯи иттилоъи расмӣ, дар зери мизони фақр ва нодорӣ ба сар мебаранд. Аммо дар тайи камтар аз як соли ахир арзиши маводи ғизоӣ, яку ним то ду баробар боло рафт. Аз ҷумла арзиши як халтаи 50 килограмии орд аз 65 то 130, гӯшти гов аз 6 то 14, равған аз 3 то 8 – 9 сомонӣ дар бозорҳои Суғд боло ҷаҳид.

Дар ин иртибот Ғуфрон Рустамов, сарвари созмони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар Суғд гуфт, давлати Тоҷикистон барои поин бурдани нарх дар бозорҳои дохилӣ тадобири муаассир рӯи даст нагирифтааст. Вай гуфт, дар ин кишвар як деҳқони оддӣ наметавонад барои фурӯши маҳсулоти худ дар бозор ҷои пой пайдо кунад, Масалан, дар бозори Истаравшан иҷоза надодаанд, ҳатто мошини пур аз маҳсулоти деҳқонон ба бозор ворид гардад.

Ба назари Мӯҳсин Исобоев, сарвари созмони суғдии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, дар ин кишвар содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва савдои он дар бозорҳои дохилиро як гурӯҳи алоҳида зери даст дорад ва аз рӯи хости худ ба маҳсулот нархгузорӣ мекунад. Аммо мақомоти назораткунанда аз ислоҳи вазъ оҷизанд. Оқои Исобоев бар он аст, ки аҳзоби сиёсӣ низ метавонанд дар танзими нархи ғизо саҳм бигиранд ва пешниҳод намуд як созмони назоратии ҷамъиятӣ аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсӣ барои ширкати онҳо дар ҳалли ин мушкил таъсис дода шавад. Чунки фаъолияти ниҳодҳои давлатии масъул ба танзими нарх дар бозор муаассир ба чашм намерасад.

Вале аксари кулли намояндагони аҳзоби сиёсии Суғд имкони таъсир ба пастравии нархи ғизо дар бозорро бо таъсиси созмони ҷамъиятии назоратӣ дур аз эҳтимол медонанд. Ба назари онҳо, ислоҳи куллии вазъ танҳо бо барномаҳои муаассири давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба даст хоҳад омад. Зимнан, дар ҳамоиши Хуҷанд сарони бахши суғдии ҳизби халқии демократӣ ва сотсиал – демократии Тоҷикистон иштирок надоштанд.

Сарони аҳзоби сиёсии Суғд дар ҳамоиши Хуҷанд гуфтанд, ки пешниҳодоти мушаххаси худро дар мавриди роҳҳои танзими нархи ғизо ва таъсиси созмони назоратии ҷамъиятии аҳзоб дар нишасти ояндаи худ, баъд аз як ҳафта ба давлати Тоҷикистон ироа хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG