Дирӯз президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ки бо ҳадафи дифоъ аз кишвари худ омода аст сарбозонашро барои муқобила бо шӯришиёну Толибон ба Покистон фиристад. Вай дар Кобул дар баробари хабарнигорон гуфт, то замоне, ки шӯришиёни мустақар дар Покистон ба худ ҳаққи ҳамла ба Афғонистон, тахриби зербиноҳои ҳукумати кишвар ва қатли кӯдаконро медиҳанд, ҳукумати Афғонистон ҳаққи баробари нобудсозии Толибон ва пойгоҳҳои онҳоро дар дохили Покистон хоҳад дошт: "Афғонистон ҳам дар дифоъ аз мардуму мактабу атфолу зиндагии худ ҳаққи дифоъро дорад, ки ба он тараф биравад ва лонаҳои ҷосусии терроризмро аз байн бубарад. Вазифаи Афғонистон аст, ки паштуҳои Покистонро аз ин зулму даҳшат ва террор наҷот бидиҳад. Ин ҷоддаи дутарафа аст. Ҳар кас, ки аз ин ҷодда ба ҳайси ҷодда истифода мекунад, он фавран дутарафа мешавад".
Ҳомиди Карзай дар ин нишасти матбуъотӣ инчунин исми чанд раҳбари Толибонро ном бурд, ки дар манзилҳояшон ҳадафи тир қарор хоҳанд гирифтаанд: "Байтуллоҳи Масъуд, Фазлуллоҳ ва Мулло Умари Покистонӣ сохташудаҳои истихбороти онҷоанд, ки алайҳи мардуми паштуни Покистон ва алайҳи мардуми Афғонистон тарбия шуданд. Вазифаашон ҳам ин аст, ки дар Покистон мактабҳои паштуҳоро бисӯзонанд, духтарҳоро аз таълим дур кунанд, зиндагиашонро барбод кунанд, калонҳои қавми паштуи Покистонро бикушанд, он мардумро ба зиндагии маҷбуру бечораву ақибмондаву зери бори зулму ситаму ғуломӣ бикашонанд. Вазифаи Афғонистон аст, ки паштуҳои Покистонро аз ин зулму даҳшат ва террор наҷот бидиҳад".
Дар айни замон, оқои Карзай таъкид кард, ки Афғонистон ҳеҷ нийяти муқобила бо мардуми Покистонро надорад ва ҳама гуна талошҳои афғонҳо барои мубориза бо Толибон ҳамчунин маънои талоши озодкунии паштуҳои Покистон аз истибдоду терроризмро хоҳад дошт.
Ва аммо хабарҳо аз дохили Покистон ҳокӣ аз он аст, ки изҳороти ахири Карзай мояи нигаронии ҳукумати Исломбод шудааст. Вазорати хориҷаи Покистон эълом намудааст, ки ҳама гуна иқдом алайҳи ҷангиён дар қаламрави Покистон танҳо бо нерӯи артиши ин кишвар анҷом хоҳад гирифт. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон дар суҳбат бо «Ассошейтед Пресс» гуфт, ки изҳороти Карзайро "хуб қабул намекунад" ва Покистон иҷоза нахоҳад дод, ки ба қаламрав ва ё умури дохилаи ин кишвар мудохила ба амал ояд.
Мавзӯъи ҷангиён ва танишҳо бо Покистон то рафт доғтар мешавад.