Дабири кулли СММ Бан Ки Мун мегӯяд, Арабистони Саъудӣ ният дорад мизони тавлиди нафтро моҳи оянда боз то 200 ҳазор бушка дар рӯз афзоиш диҳад. Зимни сафараш ба Саъудия, бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон, дирӯз оқои Бан дар шаҳри бандарии Ҷидда бо вазири нафти ин кишвар Алии Найимӣ дидору мулоқотеро анҷом дод. Моҳи май Арабистони Саъудӣ эълон карда буд, ки ҳаҷми куллии истеҳсоли нафтро дар рӯз то 300 ҳазор бушка боло мебарад. Чунин иқдоми Саъудия бо ҳадафи поин бурдани қимати нафт ва афзоиши захираҳои энержии бозори ҷаҳонӣ гирифта мешавад.