Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз аз худсарии кормандони андозситонӣ


Беш аз 200 соҳибкор бо эътироз аз афзоиши нархи муҷаввизи кор ва патент дар назди Кумитаи андози шаҳри Душанбе таҷаммӯъ карданд.

Порлумони Тоҷикистон бо тақозои давлат аз 30-вуми майи соли ҷорӣ дар Кодекси андоз дар робита ба дарёфти патент ва шаҳодатномаи фаъъолияти соҳибкорӣ тағйирот ворид намуд. Таҷаммӯъгарон тақозо карданд, ки ин тағйирот лағв карда шаванд, зеро, ба бовари онҳо, ин иқдом ба болоравии қимати колоҳо мунҷар хоҳад шуд.
Ҳамчунин таҷаммӯъгарон аз худсариҳои кормандони кумитаҳои андози навоҳии пойтахт ва ришвахориву фасод дар миёни мақомоти он изҳори норизоятӣ карданд.
Пас аз чанд дақиқа мақомоти кумитаи андоз гирдиҳамомадагонро ба дохили толори иҷлосҳои ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъват намуданд. Дар толор кашмакашҳои лафзӣ миёни тоҷирону соҳибкорон ва мақомоти кумитаи андоз сурат гирифт. Аксари кулли ин таҷаммӯъкунандагон дукондорон ва соҳибкорони бозорҳои шаҳри Душанбебуданд, ки аз болобарии иҷорапулӣ ва баланд бардоштани андоз аз фурӯши коло норозиянд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони кумитаи андоз худсарона ва бидуни риъояти қонун ҳаҷми андозро таъйин мекунанд.
Элмира Абдуллоева, як тан аз дукондорони бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе, ҳадаф аз ширкаташ дар ин гирдиҳамоии эътирозиро чунин тавзеҳ дод: 2Ҳар моҳ ҷимати патентро боло мебаранд. Моҳи гузашта !,5 баробар боло бурданд. Ҳар кас, ки шинос дорад дар кумитаи андоз, қимати патентро кам мекунад. Ман аз бонк қарз гирифтам ва дар ҳоли ҳозир даромадам ба қимати патент ва молиёт мерасад. Вале қарзи бонк боло меравад».
Нусратуллоҳ Давлатов, муъовини аввали раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, иддаъоҳои таҷаммӯъкунандагонро дар робита ба болоравии ҷимати патент ва шаҳодатномаи фаъъолия беасос хонд. Аммо гуфт, ки масъалаи худсарии кормандони андозро баррасӣ хоҳем кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Баъзеҳои ҳоли эродгирифта истода дар масъалаи ҳамон чизҳоро эродҳои шуморо, албатта, дида мебароем. Лекин шумо як чизро фаромӯш накунед, ки кумитаи андоз ин фискалний орган аст. Сиёсати андозро вазорати молиёт, иқтисод ва дигарон муайян мекунанд. Мо иҷрокунандаем. Ба ҳар ҳол, пешниҳоду назарҳои шуморо дида мебароем ва дар навбати худ фикрамонро ба вазорати молиёт ва иқтисод мерасонем».
Эътирозкунандагон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааанд, теъдоди андозҳо, ки барои онҳо хеле гарон тамом мешавадро коҳиш бидиҳанд. Аз ҷумла, андоз аз фурӯши коло, ки шаҳрдории душанбе 3 дарсад таъйин кардааст. Ин дар ҳолест. ки илова бар ин ин соҳибкорону тоҷирон аз фкрӯши коло низ андоз месупоранд. Ҳамчунин молиёт барои нақлиёт.
Тоҷирон дар ҳайратанд, ки ба чи далел бояд барои нақлиёт ҳам молиёт супоранд. Ин тақозои эътирозгарон беҷавоб монд. Ва мақомоти кумитаи андози ҷумҳурӣ қавл доданд, ки ин иддаъоҳои соҳибкорнро ба давлат мерасонанд.
XS
SM
MD
LG