Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фонаи толиб дар байни Амрико ва Покистон


Равобити миёни Иёлоти Муттаҳида ва Покистон баъд аз зарбаи ҳавоии нерӯҳои Амрико ба як минтақаи марзии Покистон вориди бӯҳрон гардид.

Исломобод, ки аз ҳампаймонҳои Амрико дар ҷанги зидди терроризм аст, ин зарбаро "бедалел" номид ва эътироз баён кард, вале Пентагон гуфт, сарбозони покистонӣ нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро ҳадаф қарор додаанд.

Бархе аз таҳлилгарон ин ҳодисаро пайомади сардиҳои ахир дар равобити ду ҳампаймон мешуморанд, вале бархи дигар мегӯянд, воқеъа метавонад, як тасодуф бошад, ҳарчанд то ин ҳодиса низ муносибатҳои Вошингтону Исломобод ноҷӯрӣ ва ноҳамвории бештар касб мекунанд.

Сарони Покистон мегӯянд, мушакҳои амрикоӣ рӯзи 11-уми июн на танҳо ба посгоҳи марзии Покистон, балки ба пойдевори равобити ин кишвар бо Амрико ва ҳамкории дуҷониба дар ҷанги зидди терроризм зарба заданд. Сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ дар баробари аъзои маҷлиси кишвараш ин ҳамларо "буздилона ва бедалел" номид ва гуфт, Исломобод ба Вошингтон эътирози расмӣ ирсол доштааст.

"Мо аз истиқлолият, шараф ва арҷи худ ҳимоят мекунем ва иҷоза намедиҳем, қаламрави мо ҳадафи ҳамла қарор бигирад. Мо ин ҳамларо комилан маҳкум мекунем ва аз тариқи Вазорати умури хориҷии худ посух металабем."

Вале дар Вошингтон, сухангӯи Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Ҷофф Моррел аз зарбаи, ба гуфтаи ӯ, "қонунӣ"-и Амрико ҳимоят кард ва гуфт, нерӯҳои покистонӣ дар ин постгоҳ рафтори хасмона дошта, ба сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар дохили Афғонистон ҳамла кардаанд.

Моррел мегӯяд, "тибқи дарёфтҳои ибтидоӣ, ки то ҳоло ба даст овардаем, амали нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар марз бо Покистон, аммо дар қаламрави Афғонистон, қонунмандона ва барои дифоъ аз худ буда, онҳо ҳадафи ҳамлаи қувваи душманона қарор ёфтаанд. Ва барои дифоъ аз худ онҳо кӯмаки ҳавоӣ хостаанд, то ин қувваро хунсо кунад."

Фармондеҳони амрикоӣ дар Афғонистон ба радиои "Озодӣ" ва дигар расонаҳои хабарии байнулмилал дар гузашта гуфтаанд, ки ба қувваҳои амниятии Покистон дар он сӯи марзи Афғонистон эътимод надоранд.

Покистон дар ҷанги зидди терроризм ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида шумурда мешавад, аммо фармондеҳони амрикоӣ мегӯянд, огоҳ кардани покистониҳо аз амалиёти ояндаи худ дар манотиқи марзӣ ба маънии дар хатар гузоштани ҷони сарбозони амрикоист. Ин фармондеҳон ҳарос доранд, ки бархе аз кормандони хадамоти амниятии Покистон метавонанд, ин иттилоъро ба толибон расонанд ва бо ин роҳ аз муваффақияти амалиёти амрикоиҳо пешгирӣ кунанд.

Коршиноси покистонӣ, Аҳмад Рашид мегӯяд, равобити миёни Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои амниятии Покистон ба сардтарин нуқта аз замони оғози амалиёт дар Афғонистон дар соли 2001 поин афтодааст. Ба диди ӯ, танқидҳои густардаи байнулмилалӣ аз додуситади Покистон бо толибҳо дар манотиқи қабиланишин дар ин ҷо нақши зиёд доранд, зеро созиши Исломобод бо қабилаҳои марзӣ ба толибҳо имкон медиҳад, озод марзро убур ва ба нерӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон ҳамла кунанд.

Рӯзи душанбеи 9-уми июн натиҷаҳои пажӯҳиши ширкати РАНД нашр шуд, ки бо дархости Вазорати дифоъи Амрико барпо гашта буд. Ба ин гузориш, афроди алоҳида аз хадамоти иктишофии Покистон ба толибҳо ва дигар гурӯҳҳои террористи минтақа кӯмаки мустақим мерасондаанд.

Раҳбари таҳлилҳои ҳарбӣ дар Пажӯҳишгоҳи мутолиоти стратегии Лондон, Кристофер Ленгтон мегӯяд, гузориши ахири РАНД бозтоби яъси афзояндаи Вошингтон аз нотавонии Исломобод дар шикасти ситезаҷӯёни манотиқи қабоилист:

"Дар Иёлоти Муттаҳида ҳарчи бештар дарк мекунанд, ки имконияти Покистон дар ҳалли ин масъалаи ниҳоят сангин хеле маҳдуд аст. Ва албатта, толибон дар вақташ бо мувофиқати Ғарб аз тарафи Покистон сохта шудаанд. Биноан, барои Покистон хеле ва хеле сахт аст, ки чархи таърихро ба ақиб гардонад."

Ленгтон меафзояд, ҳамчунин набояд вазъи печидаи сиёсии худи Покистонро фаромӯш кард. вале ӯ ва дигар таҳлилгарон мувофиқанд, ки ҳодисаи ахир дар марзи миёни Афғонистону Покистон бӯҳрони равобит миёни Покистон ва Амрикоро ба сатҳи нав ва баландтаре бардошт.

XS
SM
MD
LG