Миқдори ниҳоии кумакҳо дар лаҳзаҳои ахири нишасти Порис аз забони вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер садо дод.
Нисфи ин маблағҳоро ИМА пардохт хоҳад кард ва дар ҷараёни нишаст Лаура Буш, ҳамсари раиси ҷумҳурии Амрико, тасмими Вашингтонро дар ин замина чунин эълон кард: "ИМА барои кумак ба мардуми Афғонистон ва иҷрои барномаи миллии стротежии рушд дар 5 соли оянда 10 миллиарду 200 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Агар Конгресс чунин миқдори сармояҳоро тасдиқ кунад, ин иловае хоҳад буд ба 26 миллиард доллар кумаки башарии ИМА ба Афғонистон аз соли 2001-ум то имрӯз".
Нисфи ин маблағҳоро ИМА пардохт хоҳад кард ва дар ҷараёни нишаст Лаура Буш, ҳамсари раиси ҷумҳурии Амрико, тасмими Вашингтонро дар ин замина чунин эълон кард: "ИМА барои кумак ба мардуми Афғонистон ва иҷрои барномаи миллии стротежии рушд дар 5 соли оянда 10 миллиарду 200 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Агар Конгресс чунин миқдори сармояҳоро тасдиқ кунад, ин иловае хоҳад буд ба 26 миллиард доллар кумаки башарии ИМА ба Афғонистон аз соли 2001-ум то имрӯз".
Дар миёни кишварҳову ниҳодҳои байнулмилалии ваъдаи кумак карда исми Бритониё, Канада, Жопун, Олмон, Бонкҳои ҷаҳонӣ ва осиёии бозсохту рушд бурда мешавад.
Ваъдаи ироъаи ин миқдор кумакҳо дар ҳоле карда мешавад, ки Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз ҷомиъаи байнулмилалӣ барои кумак ба мардуми кишвараш 50 миллиард долларро тақозо карда буд.
«Ройтерс» менависад, аз оғози нишаст баъзе аломатҳо ба он ишора мекард, ки ҷамъоварии ин миқдор маблағ кори чандон осон нахоҳад буд. Ҳатто Бернар Кушнер, вазири хориҷаи Фаронса, гуфт, ки вай интизор дошт, ҳозирин барои ироъаи ҳадди аксар 17 милиард доллар кумак розӣ мешаванд.
Аммо миқдори кумакҳо як масъалаву саволи меҳварие, ки дар зеҳни аксар ҳозирини нишасти байнулмилалии Афғонистон дар Порис мечархид, ин буд, ки бо кадом роҳ дар амри истифодаи ин маблағҳо аз фасоду ришвахорӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Тибқи баъзе гузоришҳои мустақил, вуҷуди мушкили фасод сабаби он мешавад, ки дар ниҳояти амр миқдори хеле ночизи маблағҳои имдодӣ ба дасти сокинони одии Афғонистон мерасад.
Ва дар ин замина, раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳам гуфт, вай дарк мекунад, ки ниёзмандиҳои кишвар ҳарчанд маблағҳои зиёдро талаб мекунад, аммо шеваи харҷи ин ёриҳо ҳам хеле муҳим мебошад.
Дар ҳамин ҳол, дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар паёми худ аз вуҷуди барномаи зиддифасоди ҳукумати Афғонистон истиқбол кард ва гуфт: "Ман тасвиби Эъломияи зидди фасоди СММ-ро аз ҷониби Афғонистон истиқбол мекунам ва аз ҳукумати кишвар тақозо мекунам, ки дар амри иҷрои ин санад фаъъолона иштирок кунад. Ман инчунин пешниҳоди ҷиддии зиддифасодро, ки вориди барномаи миллии стротежии рушд шудаасту инчунин муҷозоти муҷримони баландпояро дар ин самт дар назар мегирад, ҷонибдорӣ мекунам".
Тадбири дигаре, ки барои ҷилавгирӣ аз тавсиъаи фасоду ришват дар амри истифодаи маблағҳои имдодӣ гирифта мешавад, ин ташкили аудит ва ё тафтишҳои молии харҷи маблағҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муштараки мақомоти маҳалливу байнулмилалӣ хоҳад буд. Амрико ёълом намудааст, ки барои назорат аз шеваи сарфи маблағҳои худ дар риштаи кишоварзӣ аудити худро ташкил хоҳад дод.