Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: 8 марди муттаҳам ба дор овехта шуданд


Нашрияи расмии ҳукумат - “Эрон” хабар дод, ки дар зиндони Эвини Теҳрон 8 марди муттаҳам дар куштор ва таҷовуз ба дор кашида шуданд.

Иттилоъ дар ин бора ба думболи тасмими додгоҳи Эрон барои мавқуф гузоштани иҷрои ҳукми ду ҷавони то 18-сола Беҳнуб Шуҷоӣ ва Муҳаммад Фидоӣ расид. Шуҷоӣ ва Фидоӣ аз сӯи додгоҳ дар куштор муттаҳам шудаанд. Қабл аз тасмими ахири Додгоҳи Эрон Луиза Арбур, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар аз Теҳрон хоста буд, ки аз иҷрои ҳукми эъдоми чаҳор муҷрими наврас худдорӣ кунад. Миёни ин чаҳор нафар Шуҷоӣ ва Фидоӣ низ буданд. Сарнавишти ду навраси дигар – Сайид Ҷазиӣ ва Беҳном Зареҳ то ҳол равшан нест.


Дар иттилоъияи дафтари раиси Додгоҳи Эрон оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошими Шоҳрудӣ гуфта шудааст, ки “иҷрои ҳукми додгоҳ ба хотири дарёфти созиш бо хонаводаҳои мақтулон мавқуф гузошта шудааст”. Тибқи қавонини шариъат, хонаводаи мақтул метавонад аз қотил ҷубронпулӣ талаб намояд. Баъд аз пардохти маблағи ҷуброн ҳукми эъдом ба ҳабс табдил мешавад. Ба иттилоъи расонаҳои хабарии Эрон Беҳнуб Шуҷоӣ ва Муҳаммад Фидоӣ миёни онҳое буданд, ки рӯзи панҷшанбе дар зиндони Эвини Теҳрон ба дор кашида шуданд. Муҳаммад Мустафоӣ, вакили мудофеъи ин ду муҷрими наврас мегӯяд, ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар барои ҷилавгирӣ аз иҷрои ҳукми эъдоми онҳо болои Эрон фишор оварданд.

Дар Эрон барои куштор, зино, қочоқи маводи мухадир, таҷовуз, ғорат бо истифода аз силоҳ ва тарки дину ойин ҳукми эъдом муқаррар шудааст. Солҳои ахир ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳарчӣ бештар алайҳи афзоиши ҳукми қатл дар Эрон, ба вижа, дар баробари ҷинояткорони наврас садо баланд мекунанд. Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International Эронро дар хати дувуми кишварҳое ҷой додааст, ки аз ҳукми эъдом зиёд истифода мебаранд. Соли гузашта додгоҳи ин кишвар 317 нафарро ба марг маҳкум карда буд. Дар хатти аввали феҳрасти Афви Байнулмилал Чин қарор дорад, ки соли 2007 ум 470 нафар ба эъдом маҳкум шудаанд.


Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳомоти Ғарб дар бораи поймолсозии ҳуқуқи башарро рад мекунад ва худи кишварҳои ғарбиро дар меъёрҳои дугона муттаҳам медонад. Гурӯҳҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳамчунин аз Теҳрон хостори боло бурдани синни муҷозот шудаанд – айни ҳол дар Эрон духтарони аз 9 сола боло ва писарони аз 15 сола боло метавонанд мавриди пайгарди қонун ва муҷозоти додгоҳ қарор бигиранд.

XS
SM
MD
LG