Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Фараж»: ба Достиев умед набандед


Хабари даргузашти нависандаи забардасти қирғиз Чингиз Айтматовро бештари ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар сархатти ахбори худ ҷой додаанд.

Аз ҷумла, Asia-Plus навиштааст, ки даргузашти Айтматов, на танҳо як талафот барои адабиёти қирғиз, балки талафоте бузург барои ҳамаи мардумони Осиёи марказӣ ва кулли мусалмонони олам буд, ки ин адиби бузург аз онҳо намояндагӣ мекард.
Аммо чун муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия яке аз мавзӯъоти ҳамешагии матбуъоти кишвар аст, ин навбат низ зери унвони «Ба Достиев умед набандед» ҳафтаномаи «Фараж» як матлаби таҳлилиеро роҷеъ ба сарнавишти як муҳоҷири тоҷик, ки ҳамзамон ба фаъъолияти рӯзноманигорӣ машғул буда ва ба маҳзи нашри мақолаҳо дар ин мавзӯъ дар Маскав боздошт шудааст, мунташир кардааст. Муаллифи матлаб Холиқназар Ҷумъаев корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон дар Русия аст, ки тавассути ходимони пулис ва амнияти шаҳри Маскав бо иттиҳомоти бофта дастгир ва 55 рӯз дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққати ин шаҳр нигаҳдорӣ мешавад. Муаллиф навиштааст, ки ӯ зимни ироъаи номаҳо ба ҳама созмонҳои тоҷикистонии ин шаҳр, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз муносибати ғайриқонунии ходимони пулис хабар медиҳад, аммо касе ба додаш намерасад. «Нафаре бо номи Парвиз аз сафорат омад, ваъда дод, ки кумак мекунад, вале чизе накард, – менависад муаллиф ва изофа мекунад. – Сафорат ва сафири Тоҷикисон дар Русия кореро барои муҳоҷирони кории тоҷик анҷом намедиҳанд».
Ҳафтаномаи «Вечерный Душанбе» таҳти унвони «Бепарасторон» як матлаби муфассалеро дар иртибот ба ояндаи норавшани кӯдакон ва наврасони хиёбонӣ мунташир кардааст. «Аксари ин наврасон, ки дар ин синн бояд бо таълим фаро гирифта шаванд, – менависад муаллиф, – танҳо ба иллати адами имконоти иқтисодӣ ва ба хотири дарёфти қӯти лоямут даст ба корҳои ношоиста мезананд. Чунин кӯдакон умдатан дар шаҳрҳо ба сар мебаранд ва, бино ба таҳқиқоте, ки созмонҳои иҷтимоъӣ миёни онҳо доир кардаанд, аксаран ё фарзандони муҷоҳирони корӣ, ё хонаводаҳое ҳастанд, ки волидонашон аз ҳам ҷудо шудаанд ва ё нафароне ҳастанд, ки шароити моддии тарбияти онҳоро надоранд». Нашрия навиштааст, ки чунин кӯдакони хиёбонӣ, ки бархеашон барои содир кардани ин ва ё он ҷиноят дар қайди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ низ мебошанд, танҳо дар шаҳри Душанбе аз 5000 бештаранд ва ин кӯдакон, ки хиёбонҳои шаҳрро барои худ ҷои зист интихоб кардаанд, гоҳе маҷбур мешаванд корҳоеро ба анҷом расонад, ки, аслан, тавон ва зӯри иҷрои онро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаноми «Тоҷикистон» матлаберо дар робита ба сарнавишти занону духтарони тоҷикистонӣ, ки ба корҳои ношоиста дар хориҷи кишвар водор мешаванд, таҳти унвони «Канизакони қурбонӣ» матлаберо ба нашр расонидааст. Нависанда сабаби асосии ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар хориҷаро дар мушкилоти иқтисодии хонаводаҳои аксари онҳо мебинад. Муаллиф ҳамчунин таъкид кардааст, ки маҳз ҳамин омил боис мешавад, то ин тойифа зуд фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ шуда ва ба доми фиреби ашхоси ҷиноятпешаи, ба истилоҳ миёнарав ва далла, шаванд. «Аммо, – омадааст дар ин матлаб, – ин амал тавассути гурӯҳҳои мафиозӣ анҷом дода мешавад ва «миёнаравон»-у «далла»-ҳо танҳо нестанд ва ҳатто дар сохторҳи расмӣ низ шарикон доранд».
Ҳафтаномаи «Миллат» таҳти унвони «Фанди президент ба суди кист ва ё чаро матбуоти ҳукуматӣ аз камбудиҳо чашм мепӯшад?» матлаберо дар робита ба фаъъолияти ғайримуассири расонҳои расмӣ дарҷ кардаст. Муаллифи матлаб рӯзноманигор Азизи Фаттоҳ менависад, ки расонаҳои расмӣ дар бештари маворид аз бозтоби масоъили муҳимми рӯз худдорӣ мекунанд. Муаллиф, аз ҷумла, аз қавли як кишоварзи ноҳияи Шаҳритус менависад, ки ҳамин ҳоло кору фаъъолияти раиси ин ноҳия тавассути радио ва телезион ва расонаҳои давлатӣ фақат тавсиф мешавад, ҳол он ки на ҳамаи ин таърифҳо воқеъият доранд. Ин кишоварз дар суҳбаташ бо муаллифи матлаб аз он шикоят кардааст, ки бояд ӯ бо дастури раиси ҷамоъат акнун барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ 30 сомонӣ ва фарзандонаш барои тармими мактаб 50 сомонӣ бидиҳанд ва иҷрои ин қарори раиси ноҳия барои ҳама сокинон ҳатмӣ аст. «Дар ҳоле ки ин амал хилофи ҳама қонунҳост, – менависад муаллиф, – расонаҳои расмӣ танҳо ба таблиғи раиси ин ноҳия машғуланд".
Нашрияи «Нигоҳ» дар ин шуморааш натоиҷи таҳқиқоти масъули созмони иҷтимоъии мавсум ба «Индем»-ро дар иртибот ба вазъи амнияти иттиллоъотии кишвар ба чоп расонидааст. Саймиддин Дӯстов, масъули ин созмон, аз ҷумла менависад, ки таҳлили барномаҳои иттиллоъотии шабакаи аввали телевизиони кишвар нишон медиҳад, ки 50 дарсади барномаҳо ба забони ғайридавлатӣ пахш мешаванд: «Дар як рӯзи корӣ 10 барномаи иттиллоъотӣ аз сӯи ин расона пахш мешавад, ки 5-тои он бо забони ғайридавлатӣ аст».
Дар ҳамин ҳол, «Нигоҳ», ки дар шумораи қаблиаш матлаберо таҳти унвони «Чаҳор хомӯшии Ҳасан Асадуллозода» ба нашр расонида буду идомаи чопи онро дар ин шумора ваъда дода буд, вале бо сабабҳои номаълум идомаи матлаби мазкурро нашр накард ва иллати қатъи чопро ҳам тавзеҳ надод.
Вале нашрияи «Факты & комментарий» дар идомаи нашри рейтинги сарватмандтарин афроди кишвар ин навбат 100 нафар аз чунин афродро дар вилояти Хатлон маълум кардааст. Нашрия огаҳ мекунад, ки ин назарсанҷиро танҳо дар миёни хонандагони худ доир кардааст ва онро наметавон ҳамчун ҳақиқати комил ҳисобид. Аммо, ба ҳар сурат, ин феҳраст бо исми Муҳамадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маылиси милии Тоҷикистон, оғоз шуда, бо номи Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», хатм мешавад. Дар миёни ин афрод, ки беш аз 80 дарсадашонро мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон ташкил мекунанд, аз ҷумла Амиршо Миралиев, раиси дастгоҳи президенти кишвар, Маҳмадназар Солеҳову Абдураҳим Хайриддинов, вузарои дохила ва амният, Бобоҷон Бобохонов, додсиони кулли Тоҷикистон, Иззатулло Ҳаёев, Султон Мирзошоев, собиқ аъзои ҳукумати Тоҷикистон, зикр шудаанд. Нашрия таъкид кардааст, ки дар ин феҳрист исми Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, мебоист дар ҷои аввал қарор мегирифт, вале бо мулоҳизоти онки ӯ ҳамто ва назир надорад, шомили ин феҳраст нашуд.
Аммо дар назарсанҷии нашрияи «Миллат» барои таъйини рейтинги камкор ва серкортарин вазири давлат Руқия Қурбонова, муовини сарвазир, серкортарин ва Хайриннисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занҳои Тоҷикистон, камкортарин масъулони давлати имрӯза дониста шудаанд.
XS
SM
MD
LG