Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: $50 миллиард - барои бозсозии Афғонистон


Ҳомиди Карзай ва Лаура Буш: Афғонистон аз ИМА ҳамоно дасти кумак таваққӯъ дорад
Ҳомиди Карзай ва Лаура Буш: Афғонистон аз ИМА ҳамоно дасти кумак таваққӯъ дорад

Афғонистон ҷиҳати роҳандозии лоиҳаи бозсозиаш ба $50 миллиард ниёз дорад, вале кишварҳои донор ин лоиҳаро ноҳамоҳанг меҳисобанд.

Тӯли ҳафтаҳост, ки раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба шакку шубҳаи донорҳои байнулмилалӣ дар мавриди лоиҳаи бозсозии кишвараш мавсум ба “Стротежии миллии рушди Афғонистон” ишора мекард.
Ин лоиҳа дар конфронси соли 2006 дар Лондон қабул шуда буд. Кишварҳои Ғарб дар пешорӯи бозшавии конфронси донорҳо дар Париж, пойтахти Фаронса, болои мақомоти Кобул фишор меоранд, ки харҷи лоиҳаи бозсозии кишварро аз 50 миллиард доллар камтар кунанд.
Майкл Шайк, таҳлилгари гурӯҳи байнулмилалии буҳронҳои Барномаи Осиё, ба радиои “Озодӣ” дар ин робита гуфт, ки нигаронии сармоягузорон ғайриинтизорӣ набуд, чунки ҳадафҳои тарҳи рушди Афғонистон ба таври кофӣ мушаххас нашудааст: “Дар мавриди зистпазирии “Стротежии миллии рушди Афғонистон” шубҳаҳо зиёд буд. Нигаронӣ дар он аст, ки ин тарҳ авлавиятҳои зиёд дорад, вале мушкил дар ин аст, ки, агар ҳама чиз муҳим аст, пас ҳеҷ авлавияте мавҷуд нест. Ҳамин тавр, тааҷҷубовар нест, ки шубҳаҳо пеш омадааст ва дар ин бора дар сатҳҳои баландтарини ҳукуматӣ суҳбат мешавад”.
Дар ҳақиқат ҳам, баъзе сармоягузорҳо изҳори шубҳа карданд, ки дар тарҳи Афғонистон барномаҳои рушд ба таври кофӣ ҳамоҳанг нашудааст”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ Ричард Баучер ба хабарнигорон гуфта буд, ки фасод дар Кобул мояи нигаронии сармоягузорон гаштааст: “Вазъро бояд ислоҳ кард. Ҳукумати Афғонистон медонад, ки бояд ин мушкилро бартараф кунад. Барои беҳбудсозии низоми ҳукуматдорӣ, қобилияти бозрасии ҳукумат, қарори мулоқотҳо, пардохти мунсифонаи молиёт ва истифодаи дурусти маблағҳои давлатӣ гомҳои гуногун бардошта шуд”.
Дар шамин ҳол, Майкл Шайк бар ин ақидааст, ки нигаронии Вошингтон дар мавриди фасод ва зарфияти молии Кобул танҳо як паҳлуи мушкил мебошад: “На ҷомиъаи байнулмилалӣ, пеш аз ҳама, аз кишварҳои сармоягузори Ғарб, на худи афғонҳо дар тули 6-7 соли ахир бар тааҳҳудоташон содиқ намонданд. Албатта, ҳукумати Афғонистон барои решакан кардани фасод метаовнист кӯшишҳои бештар кунад. Ҷомиъаи байнулмилалӣ ва бахусус ҷомиъаи донорҳои Ғарбӣ ваъдаҳои сармоягузорӣ ба Афғонистонро иҷро накарданд. Шумо метаовнед бинед ки ин мушкил чи гуна мурккаб гаштааст. Ва ин яке аз сабабҳои он аст, ки чаро баъд аз гузашти дастикам 7 сол ва кӯшишҳои муштараки бесобиқаи байнулмилалӣ Афғонистон ҳоло ҳам қомат рост накардааст”.
Ба гуфтаи Ричард Баучер шумораи зиёди ширкатҳои афғони ҳоло қобилият пайдо карданд, ки барномаҳои сохтмониро анҷом диҳанд ва Вошингтон инро дарк намуда, кӯшиш мекунад дар ин самт ҳаракат карда, пулҳоро аз тариқи вазоратҳои зидахли Афғонистон интиқол диҳад.
Таҳлилгар Шайк бо ин ақидаи Баучер ҳамфикр аст ва мегуяд аз ин роҳ ҳукумати Афғонистон истифодаи сарфакоронаи пулро ёд мегирад ва масъулиятро эҳсос хоҳад кард.
Таҳлилгари дигар аз Донишкадаи байнулмилалии пажӯҳишҳои стротежии Лондон Кристофер Лангтон таъкид кард, ки тасмими ниҳоии сармоягузорон мушкил хоҳад буд: “Дар интихоботҳои қарибулвуқӯъ тақдири раёсатҷумҳурии Карзай ҳал мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Карзай бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муҳим вап ба иловаи маблағи гирифташуда чандин миллиард доллари иловагӣ дархост хоҳад кард. Дигар, худи ҳукуматҳои кишварҳои сармоягузор ба марҳилаи интихоботӣ ворид мегарданд. Ҳамин тавр, дар дохили он кишварҳо дар робита ба зарурати идомаи кумакҳои моли ба Афғонистон баҳсҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд”.

Созмонҳои ғайридавлатӣ аз кишварҳои сармоягузор даъват мекунанд, ки дар ҷараёни конфронси Париж ба Кобул дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар, ки аз фасод, ҷангсолорӣ ва афзоиши нуфузи тоҷирони маводди мухаддир маншаъ мегирад, фишори бештар оварда шавад.
XS
SM
MD
LG