Маъсум Имомов
Дар шаҳри Хуҷанд чор нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт кардаанд. Бино ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", ин чаҳор нафар, ки аз 24 то 39 сол доранд, ҳангоми амалиёти фаврии кормандони сохторҳои интизомӣ боздошт шуданд.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, аз макони зисти гумонбаршудагон 20 ҳазор варақаи тарғиботии "Ҳизб-ут-Таҳрир" кашф ва мусодира шудааст. Созмони мазкур ҳадафи таъсиси хилофат дар кишварҳои Осиёи Марказиро дорад ва нахустин аъзои он дар Тоҷикистон маҳз дар шимоли кишвар боздошт шуда буданд.
Ҳафтае пеш низ дар шаҳри Хуҷанд бисту ду нафар бо иттиҳоми узвият дар ҳизби мазкур дастгир шуданд.
Андешаҳои наздикони боздоштшудаҳо дар гушаи Гузоришҳо (аудио)