Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Барқи Тоҷик ва РАО ЕЭС ҳосил надод



Раҳматкарими Давлат



Музокироти ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва вазорати энергетикаи Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли неруи барқ ба Русия, алорағми тавофуқоти қаблӣ ба натиҷа нарасидааст. Ҳайъати Русия баъди анҷоми музокироти серуза бидуни имзои кадом санаде дар ин замина аз Душанбе ба Маскав пас гаштааст.

Ба гуфтаи Рашид Гулов, сардори идораи сиёсати энержии вазорати энергетикаи Тоҷикистон, мушкили аслии музокироти дар сари қиммати неруи барқ будааст. Ҷониби Тоҷикистон тақозо дорад, ки ширкати РАО ЕЭС - и Русия бояд масъулияти музокира бо мақомоти Узбакистон ва Қазоқистонро ҷиҳати интиқоли нируи барқ ба душ дошта бошад ва ё ҳаққи транзити барқ аз қаламрави ин кишварҳоро пардохт кунад. Аммо ширкати РАО ЕЭС ба ин пешниҳод то кунун мувофиқат накардааст.

Оғои Гулов мегуяд: "Барои истеҳсоли қувваи барқ таҷҳизоти қиммати неругоҳи Норакро истифода барему, аз он фоида набарем, чӣ даркор барои мо кори бемаҳсул. Мо ҷур наомадем."

Аммо мегуяд оқои Гулов, ҳаҷми неруи барқе, ки Русия мехоҳад, аз Тоҷикистон харидорӣ кунад, зимни ин мулоқотҳо ба андозаи 1 миллиарду 400 миллион киловат мушаххас шуда аст. Сардори идораи сиёсати энержии вазорати Тоҷикистон афзуд, ҳайъати Русия масъалаи пешомада ва пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистонро акнун мавриди баррасӣ қарор медиҳад, вале санаи мушаххаси баргузории даври дигари музокирот муайян нашудааст. Ба ҳар сурат ба гуфтаи оқои Гулов то оғози мавсим, яъне то аввали моҳи апрел бояд ин масъала мушаххас шавад, ки Русия барқи Тоҷикистонро харидорӣ мекунад ё не, ва агар ҳа бо кадом шароит ва қиммат. Русия дар мавсими гузаштаи тобистон низ нируи барқи Тоҷикистонро харидорӣ карда буд.

Рашид Гулов дар айни ҳол гуфт, Тоҷикистон дар тамоми фасли зимистон низ интиқоли барқ ба шимоли Афғонистонро қатъ накардааст. Ва феълан неруи барқи Тоҷикистон ба вилоятҳои шимоли Афғонистон бо нархи бозори дохилӣ мунтақил мешавад. Вале талаботи бозори Афғонистон бино ба адами мавҷудияти хатҳои интиқоли барқ дар дохили он кишвар бисёр кам аст. Дар тули соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон бештар аз 10 миллион киловат нируи барқ содир кардааст. Аммо афғонҳо дар пардохти қиммати нируи барқ то кунун таъхир накардаанд.

Мақомоти вазорати энергетика Тоҷикистон мегуянд, интизор меравад, бо эҳдоси хатҳои интиқоли нируи барқ дар дохили Афғонистон дархости он кишвар низ дар мавсии имсол барои харидории неруи барқи Тоҷикистон афзоиш пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG