Абдуқайюми Қайюмзод
Мақомоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегуянд, бо гузашти беш аз шаш моҳ ҳукумати Амрико ба дархости Тоҷикистон дар мавриди сарнавишти маҳбусони тоҷик дар Гуантанамо ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодааст.
Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, рузи 23 феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазорати хориҷаи кишвар чанде қабл ба унвони сафорати Амрико дар Тоҷикистон як ёддошт ирсол ва дар зимн истирдод ва ҷиҳати тафтиш ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супоридани ин маҳбусонро тақозо карда буд. Оқои Насриддинов гуфт, ҷараёни таҳқиқоти қаблии аснод ва ҳуҷҷатҳои 8 нафари асирон собит кардааст, ки ин афрод тасодуфан маҳбус шудаанд.
Салоҳиддин Насриддинов афзуд, дар тобистони соли гузашта як ҳайъат аз намояндагони ниҳодҳои амниятӣ ҷиҳати ошноӣ бо шароити шаҳрвандони асири тоҷик, ки аз 11 нафар иборат будаанд, аз зиндони Гуантанамо дидан карда буд. Вале то кунун ҷониби Амрико дар иртибот ба алоқамандии ин афрод ба гуруҳҳои террористии назири Ал-Қоида, Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ё Толибон, дар бораи вазъи сиҳҳат, бархурдории маҳбусон аз хидмати вакили мудофиа ва ё адвокат кадом маълумоти дақиқеро дар ихтиёри Тоҷикистон нагузоштааст.
Ҳамчунин оқои Насриддинов гуфт, ки дар мавриди синну соли маҳбусон, аъзои кадом ҳизб ва ё гуруҳ ва ҳамчунин аз кадом ноҳия будани онҳо низ маълумоте дар ихтиёр надорад.
Аммо бар асоси маълумоти додситонии кулли кишвар, се нафари маҳбусони тоҷики Гуантанамо сокинони ноҳияи Исфара мебошанд. Тибқи хабари дигаре, ки нашрияи хусусии "Шит"-и чопи Душанбе интишор додааст, як нафари аз ин маҳбусон табибе бо номи Саид аз собиқ муҳоҷирини тоҷики муқими Афғонистон будааст, ки ҷиҳати пас овардани аъзои хонаводааш аз Тоҷикистон ба Афғонистон меравад, вале бо амри тасодуф ба дасти асокири амрикоӣ асир ва баъдан ба зиндони Гуантаномо мунтақил мешавад.
Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ахборро дар мавриди он, ки бархе аз ин асирон афроди мансуб ба гуруҳи Мулло Абдулло, як қумандони собиқи нируҳои мухолифини тоҷик будаанд, низ беасос хонд.