Мирзонабии Холиқзод
Султон Қувватов - раиси Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон, ки вазорати адлия аз сабти номи он худдорӣ кардаст, мегуяд, акнун қасд дорад, аз болои вазири адлия, ки дар сабти номи ин ҳизб ба қонуншиканӣ ба гуфтаи у, роҳ додааст, ба додситонӣ шикоят кунад.
Оқои Қувватов, ки дар ҷамъи хабарнигорон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе суҳбат мекард, гуфт, се сол ба ин ҷониб вазорати адлия бидуни далели мушаххасе ба дархостҳои мукаррари Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон барои сабти ном посух надодааст: "Се сол шуд, ки онҳо ба муқобили ман ин қадар харҷи молӣ ва маънавӣ додаст ва ман маҷбур мекунам, ки аз руи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд. Якуним сол бо вазири адлия ҳамин хел шиштем, ман гуфтам тибқи қонун шумо бояд дар муҳлати як моҳ ҷавоб диҳед, се сол шуд ва ягона гапе вай гуфт, ин ки ман аз раиси ҷумҳур бояд бипурсам."
Дар ҳамин ҳол гуфт, раиси ҳизби номнависнашудаи Тараққиёт намояндагони вазорати адлия бар хилофи нишондоди қонун аз тамоми як ҳазору дусад аъзои пешниҳодшудаи ҲТТ баёнот гирифтаанд, ки оё онҳо ба иродаи худ узвияти ҳизбро пазируфтаанд ва бо ойинномаи он ошноӣ доранд, ё не. Аммо вақте, ки яке аз чунин афрод сокини ноҳияи Файзобод узвияташ ба ҳизби мазкурро таъйид кардааст, аз суйи мақомоти интизомӣ мавриди таъқиб ва боздошт қарор гирифтааст. Султон Қувватов мегуяд, дар робита ба ин қазия низ ба додситонӣ шикоят хоҳад кард.
Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо