Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТОҶИКИСТОН ЛИБИЁРО СИТОИШ КАРД



Раҳматкарими Давлат



Тоҷикистон аз иқдоми мақомоти кишвари Либиё дар мавриди даст бардоштан аз идомаи талош барои дастёбӣ ба фановарии таслиҳоти куштори ҷамъӣ истиқбол кардааст. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нашри як изҳорот, дар ин бора гуфтааст, ин иқдоми шуҷоъона дар воқеъ як руйдоди муҳими таърихӣ аст, ки заминаи мусоидтар барои ҳамкориҳои кишвари Либиё бо ҷомеаи ҷаҳониро фароҳам мекунад.

Дар ин баёния омадааст, сарфи назар кардани Либиё аз идомаи коркарди барномаи дастёбӣ ба силоҳи куштори ҷамъӣ нишон медиҳад, ки кишварҳо метавонанд, ихтиёран аз ин барномаҳои коркарди намунаҳои навъи силоҳ худдорӣ кунанд ва ба ин тартиб амнияти худ, кишварҳои ҳамсоя ва тамоми дунёро таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG