Тоҳири Сафар
Бо вуҷуди ҳосили фаровони ғалладонаи имсола амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон осебпазир ва махсусан барои 300 ҳазор нафар хеле заъиф боқӣ мондааст. Мафҳуми амнияти ғизоӣ, иқтисодеро дар назар дорад, ки кафолат медиҳад, мардум ба миқдори кофӣ ва ҳар замон дар қаламрави кишварашон маводи ғизоӣ пайдо мекунад.
Ардак Мегдесиён - раҳбари намояндагии Барномаи Озуқавории Созмони Миллал дар Душанбе ба хабаргузории ИРИН гуфтааст, илова бар он ки Тоҷикистон, даромади хубу маҳсулоти кофии ғизоӣ надорад, қодир ба таъмини мардум бо чунин мавод нест. Ба гуфтаи Ардак Мегдессиён соли равон Тоҷикистон миқдори маводи хурокае истеҳсол кард, ки танҳо ними ниёзҳои мардумашро бароварда месозад.
Намояндаи Созмони Милал вазъи амнияти ғизоӣ дар ин кишварро "шикананда" номида афзудааст дар ояндаи қобили пешбинӣ Тоҷикистон ба ҳар навъ кумак, аз ҷумла маводи ғизоӣ ниёз хоҳад дошт.
Намояндагони Барномаи Ҷаҳонии Озуқа дар шаҳри Душанберо беш аз ҳама афзоиши нархи маводи ғизоии дараҷаи аввал нигарон кардааст. Ҳарчанд Тоҷикистон имсол назар ба солҳои хушксоли миёншикани 2000-2001-ум ҳосили зиёд, яъне 800 ҳазор тонна ғалладона гирифт, аммо нархи ғизои асосии мардум, яъне нон 50 фоиз боло рафт.
Тоҷикистон солона ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна гандум ниёз дорад ва аз ин ҷиҳат кишварро лозим меояд, ҳамасола аз Русия ва Қазоқистон беш аз 400 ҳазор тонна гандум ворид кунад, ҳарчанд маълумоти дақиқе дар ин бора вуҷуд надорад, гуфтааст Ардак Мегдесиён.
Ба қавли вай, болоравии нархи гандум ва ҳосили нокофии 800 ҳазор тоннаи ғалла нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчунон норасоии маводи ғизоиро эҳсос хоҳад кард. Ардак Мегдесиён гуфтааст, агар Қазоқистону Русия кишварҳои аслии содиркунандаи ғалла ба Тоҷикистон, дар фуруши ин маҳсулоташон маҳдудият ҷорӣ кунанд, ин кишвар дучори оқибатҳои вазнин хоҳад шуд.
Барномаи Озуқавории Созмони Милал, ки мардуми камбизоати Тоҷикистон бо ғизо таъмин мекунад, аслан гандумро аз Қазоқистон мехарад ва Ардак Мегдесиён гуфтааст умедвор аст, содироти ғалла аз Қазоқистон ҳамчунон идома хоҳад кард. Муассисаи хайрияи мазкур имсол ба 50 ҳазор оилаи фақири деҳотӣ маводи ғизоӣ медиҳад. Ин созмон ҳамчунин иддае аз макотиби кишварро бо хурока таъмин мекунад ва тарҳҳоеро бо номи "Ғизо ба ивази кор" амалӣ месозад.
Тибқи омори Бонки Ҷаҳонӣ 83 дар сади аҳолии Тоҷикистон камбизоат ва 17 дар сад фавқуллода қашшоқ аст. Панҷ дар сади онон бечораҳои тиҳидастанд ва мо талош дорем, ба онҳо замонат диҳем, ки зимистони имсол ғизои кофӣ хоҳанд дошт, гуфтааст Ардак Мегдесиён.