Мирзои Салимпур
Бонки Осиёии Рушд эълом дод, ки бо иттихози 7,5 миллион доллар дар татбиқи барномаҳои беҳдоштии ҳукумати Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Қарори марбутаи Бонки Осиёӣ дар рузҳои наздик содир мешавад.
Ин қарз боимтиёз буда, бо ҳамагӣ 1 дар сад фоизи солона, барои 32 сол дода мешавад. Ҳаштод дарсади ин маблағи имдодӣ аз ҳисоби хазинаи Бонки Осиёии Рушд ва 450 000 доллари боқимондааш аз кумакҳои билоивази Бунёди Давлатии Ҷопон такмил хоҳад шуд.