Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмонов ба Ню-Йорк шуруъ шуд



Мирзои Салимпур



Як ҳайъати олии давлати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмонов барои ширкат дар ҷаласоти Маҷмаъи Кулли Созмони Милали Муттаҳид(СММ) дар Ню-Йорк ба сар мебарад.

Аммо барномаи сафари ҳайъати Тоҷикистон хеле фарохтар аз танҳо як ширкат дар иҷлосияи Маҷмаъи Кулли СММ буда, аз ҷумла қарор аст, рузи душанбе президент Раҳмонов бо дабири кулли СММ Куфӣ Анон ва бо ду муовини у дидор ва мулоқот кунад.

Ва ҳам шоми имруз дар тарабхонаи "Леонардо" гуфтугуи Эмомалӣ Раҳмонов бо тоҷикони муқими Ню-Йорк низ барномарезӣ шудааст.

Суханронии оқои Раҳмонов дар Маҷмаъи Кулл ба рузи сешанбе, 30 сентябр муқаррар шудааст.

Рузи чоршанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи Миллии сиёсати хориҷии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико низ дар назар аст.

Мусоҳибаи сухангуи президент Зафар Саидов ба Радиои Озодӣ бо тафсилоти бештаре дар ин бора дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG