Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳайратангези нархи манзил дар Душанбе



Тоҳири Сафар

Қиммати хона дар пойтахти Тоҷикистон тадриҷан бо нархи манзил дар Маскав баробар мешавад.

Бо тавваҷуҳи сармоягузорон ва қочоқбарони маводи мухаддир ба бозори манзил дар Тоҷикистон дар ин кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ қиммати хонаҳо ба таври ҳайратангезе боло рафтааст.

Фируз Саидов, як иқтисодшиноси тоҷик ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, дар ин чанд моҳи ахир нархи манзил ончунон парвоз кард, ки бо пули як хона дар Душанбе метавон дар Маскав низ хона харид. Ин падида дар кишваре, ки 80 фоизи мардумаш мискину фақир ҳастанд, ғайриқобили тассавур аст, мегуяд хабаргузорӣ.

Франс Пресс афзудааст, шояд як сабаби болоравии нархҳо рушди иқтисоди пойтахти Тоҷикистон аст, ки аз соли 1991 инҷониб дида нашуда буд. Ба гуфтаи муаллифи мақола, сармоягузорони ғарбӣ ба нишони сипос аз ширкати Тоҷикистон дар эътилофи байналмилалии зиддитерористии таҳти сарварии Амрико ва сарнагунсозии ҷунбиши Толибон ба сармоягузории ин кишвар пардохтаанд. Баъди ин амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон Фаронса, Бритониё ва Ҷопон дар шаҳри Душанбеи дорои 1 милён аҳолӣ сафоратҳои худро боз карданд ва муассисаҳои хайрия низ дар ин кишвар фаъолтар шуданд.

Резиши сармоя ва ин тамоюл боис шуд, ки биноҳои муҷаҳҳази замонавӣ дар минтақаҳои зебои Душанбе мисли занбуруғи баъди борон руиданд. Иддае дигар гуфтаанд, ки суботи сиёсии тақвиятёфта сабаби афзудани қиммати хонаҳо шудааст. Аз суи дигар ба гуфтаи Франс Пресс, онҳое, ки замони ҷанги дохилӣ аз кишвар фирор карда буданд, акнун бо пули дар хориҷа ҷамъовардаашон ба кишвар бармегарданд ва тиҷорат мекунанд, ки ин ҳам сабаби болоравии қиммати хонаҳо шудааст.

Вале иқтисоддонҳои дигар болоравии нархҳоро дар чизи хатарноки дигар, ру овардани қочоқбарони маводи мухаддир ба бозори манзил медонанд. Онҳо мегуянд, бозори манзил як воситаи хубе барои шустушуи пул ё қонунӣ гардонидани онҳо мебошад. Маълум аст, ки Тоҷикистон як роҳи транзитии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба кишварҳои ғарб аст ва ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, иддае аз қочоқбарон таввасути миёнаравҳо хонаҳои бузург ва серҳуҷраро мехаранд, то баъдан ба иҷора диҳанд ва ё гаронтар фурушанд.

Франс Пресс навиштааст, хонаҳои якҳуҷрагиро дар маркази шаҳр аз 12 то 15 ҳазор доллар қиммат гузоштаанд, ки назар ба чанд ҳафтаи пеш ду маротиба бештар аст. Ва он ҳам дар ҳоле ки чунин хонаҳо тангу хурд мебошанд ва газу барқ дар он пайваста қатъ мешавад. Соҳибони чунин хонаҳо хеле хурсанданд, масалан Александр, ки хонаи сеҳуҷрагиашро дар фуруш мондааст, ба Франс Пресс гуфтааст, ман метавонам бо пули ин хона дар Воронежи Русия як манзил бихарам ва шоҳ барин зиндагӣ кунам.

Ин ҳикоят дар ҳоле гуфта мешавад, ки афроди алоҳида ҳамчунон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва сарватмандони маҳаллӣ хона бунёд мекунанд, вале сохтмони давлатӣ ҳамчунон фалаҷ аст ва ҳукумат ангушташро барои бо манзил таъмин кардани мардуми қашшоқ намеҷунбонад.

Коршиносон тахмин мекунанд, дар ҳоле, ки шумори аҳолӣ батадриҷ меафзояд, ин падида боиси беманзил мондани мардуми зиёди тоҷик хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG