Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насруллоев аз соли 1997 ҷустуҷу мешуд



Искандари Хоҷамирзода



Рузномаи "Коммерсант"-и чопи Маскав бо ишора ба боздошти мухолифини ҳукумати Тоҷикистон - собиқ раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот" Ҳабиб Насруллоев ва писари у Муҳаммад менависад, ки то ҳануз додситонии ин кишвар айбномаи онҳоро эълон накардааст.

Аммо муовини додситони кулли Тоҷикистон Азизмад Имомов ба Радиои Озодӣгуфт, Ҳабиб ва Муҳаммад Насруллоев аз моҳи ноябри соли 1997 барои куштор ва соъири ҷиноятҳои вазнин дар ҳоли ҷустуҷу қарор доштанд ва боздошти онҳо бо дастури мақомоти Душанбе сурат гиирфтааст.

Азизмад Имомов дар айни ҳол ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, муҳлати боздошти вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов дар шаҳри Маскав то охири моҳи август тамдид шуда, масъалаи истирдоди у ба Душанбе феълан дар маърази баррасии мақомоти ду кишвар қарор дорад.

XS
SM
MD
LG