Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳукми қатлро нисбати занон лағв намуд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Теъдоди маводи Қонуни Ҷазо, ки ҳукми қатлро пешбинӣ менамоянд, аз 15 ба 5 модда коҳиш ёфт.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҳукми қатлро нисбати занон сарфи назар аз ин ки онҳо чӣ гуна ҷиноятро муртакиб мешаванд, лағв намуд, Аммо нисбати мардон ҷазои эъдомро ҳифз кард. Ба сурати умум Маҷлиси Намояндагон теъдоди маводи Қонуни ҷазоро, ки ҳукми эъдомро пешбинӣ менамоянд аз 15 модда ба 5 модда коҳиш бахшид.

Вакили Маҷлиси Намояндагон Маҳмад Раҳимов дар мавриди ин иқдоми маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон мегуяд, тағйироти ворида ба Қонуни Ҷазо мутобиқ ба банди 5 ва 18 Қонуни Асосӣ сурат мегирад, ки тибқи ин мавод зиндагии инсон арзиши олӣ ва дахлнопазир дониста мешавад.

Аммо то кунун Тоҷикистон ба иллати лағв накардани ҷазои қатл дар қавонини худ мавриди интиқоди созмонҳои байналмиллалӣ ва ниҳодҳои дифоъи ҳуқуқи башар қарор гирифта буд. Назар ба маълумоти созмони Авфи Байналмиллал ё Эмнести Интернешнл дар соли 2001 додгоҳҳои Тоҷикистон нисбати 74 нафар ва дар соли 2002 нисбати 51 нафар ҳукми эъдом содир кардаанд. Ин созмон эътироз мекунад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон маълумотро дар мавриди чигунагии сарнавишти ашхоси ба марг маҳкумшуда сирри давлатӣ маҳсуб мекунанд ва дар бораи теъдоди ҳукмҳои қатл, ки ба иҷро мерасонанд, маълумот интишор намедиҳанд.

Созмони Авфи Байналмиллал эътироз кардааст, ки ҳатто ба наздикони ашхоси ба қатл маҳкумшуда дар бораи сарнавишти ояндаи онҳо ҳеҷ гуна иттилоъ дода намешавад. Ин созмон чунин рафтори мақомоти Тоҷикистонро хушунат нисбати хешовандони чунин афрод арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, асноди ҳуқуқии байналмиллалӣ чунин бархурд нисбати наздикони маҳкум ба эъдомшудагонро мамнуъ кардаанд.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон коҳиши мавориди ҷазои ҳукми қатлро пас аз он тасвиб намуд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов пешнависеро дар мавриди ворид сохтани тағйирот ба Қонуни Ҷазои Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод кард.

XS
SM
MD
LG