Раҳматкарими ДавлатСоли 2004-ум вазорати дифоъи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи 4 миллион доллар кумаки низомӣ мерасонад.
Рузи чоршанбе, 28 май мулоқоти ҳайъати коршиносони Ситоди нируҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Рамил Нодиров - фармондеҳи Ситоди кулли вазорати дифоъи Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷонибҳо дар ин мулоқот барномаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида дар соли ду соли ояндаро баррасӣ кардаанд.
Заробиддин Сироҷов - сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Бояд ба мувофиқа расонидани масоили барномаи ҳамкорӣ ва омузиши афсаронро дар соли 2003-2004-ум баррасӣ кунанд. Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрико дар самтҳои зерин сурат мегиранд. Аввал ин мубодилаи иттиллоот дар доираи муборизаи байналмилаллии зиддитеррористи "Озодии шикастнопазир", омодасозии кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон, расонидани кумакҳои техникӣ барои артиши ҷавони Тоҷикистон."
Ҳайъати низомиёни амрикоӣ бо роҳбарии Робен Пантес - афсари Ситоди марказии нируҳои мусаллаҳи ин кишвар ва масъули робитаҳои низомӣ бо Тоҷикистон ҳамчунин бо мақомоти вазорати умури фавқуллода ва Кумитаи марзбонии Тоҷикистон низ мулоқот хоҳад кард. Ин ҳайъат аз воҳидҳои низомии Тоҷикистон ва инчунин аз марказҳои омузишии сарбозони тоҷик ва Донишгоҳи низомии Тоҷикистон низ дидан хоҳад намуд.
Ба гуфтаи Заробиддин Сироҷов, тибқи барномаи ҳамкории низомӣ миёни ду кишвар дар ҳоли ҳозир мутахассисони бахшҳои мухталифи артиши Тоҷикистон давраҳои омузиширо дар таълимгоҳҳои артиши Иёлоти Муттаҳида пушти сар мекунанд.
Оқои Сироҷов афзуд, вазорати дифоъи Амрико дар поксозии майдонҳои минагузоришудаи Тоҷикистон низ саҳм хоҳад гирифт. Ба ин манзур дар марҳилаи аввал як гуруҳи мутахассисони тоҷик дар Амрико таълим мегиранд ва қарор аст, вақтҳои наздик як даври дигар кумакҳои низомии Иёлоти Муттаҳида ба артиши Тоҷикистон расонида шавад. Ин кумак аз васоили замонавии мухобиротӣ ва таҷҳизоти тиббӣ иборат мебошанд.