Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ таъсис ёфт



Раҳматкарими Давлат



Сарони шаш кишвари узви Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ПАД) рузи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон ба санади ниҳоӣ дар мавриди ба созмон табдил додани ин паймон имзо намуданд.

Ба назари аъзои ин паймони низомӣ, ҳадаф аз чунин иқдом он аст, ки ин Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ (САД) ба асоси қавонин ва усулҳои байналмилал метавонад дар ҳалли қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳимтар ва дасти бозтаре дошта бошад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия далели таваҷҷуҳ ба масоили ҳамкорӣ ва ҳузури низомиро афзоиши хатароти фаромарзии гуруҳҳои терористӣ ва қочоқи маводии мухаддир ва фаъол шудани мафияи маводи мухаддир унвон кард.

Владимир Путин дар мулоқоти рузи гузаштаи худ бо сарбозони лашкари 201-уми Русия дар Душанбе ба зарурати афзоиши теъдоди сарбозони русӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. У ин заруратро ба ду далел муҳим донистааст: яке афзоиши фаъолиятҳои ошкорои созмони Толибон дар Афғонистон ва дигаре ба хотири мунсаҷим ва комил сохтани пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар, ки қарор аст таъсис шавад.

Ба назари оқои Путин, ҳузури неруҳои Русия дар Тоҷикистон шарти муҳими амнияти минтақа мебошад. Оқои Путин мегуяд:"Мо дар ин бора назари муштарак дорем, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон омили муҳими амнияти минтақа ва марзҳои ҷанубии ҷомеаи муштаракулманофеъ мебошад."

Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG