Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити Душанбе ва Вашингтон рушд мекунад



Раҳматкарими Давлат



Франклин Ҳаддл - сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон 23 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, парлумони Тоҷикистон бо истифода аз шароит ва фурсати кофӣ тарҳи ислоҳи Қонуни Асосиро таҳия ва барои раъйпурсӣ пешниҳод намуд. Ва акнун зарур аст, ки ҳамин гуна шароит ва фурсат барои баррасии тарҳи ислоҳот то баргузории референдум ба мардуми тоҷик дода шавад.

Вай афзуд:"Баргузор намудани баррасии тарҳи ислоҳот дар миёни аҳзоби сиёсӣ ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва матбуот, хусусан дар миёни гуруҳҳои касбие, ки тағйирот бевосита ба фаъолияти онҳо дахл дорад, ҳатмист." Вай ҳамчунин гуфт:"Дар маҷмуъ ман бояд ёдовар шавам, ки сарфи назар аз натиҷаҳои назарпурсии умумӣ хело муҳим аст, ки он шафоф ва одилона баргузор шавад."

Сафири Амрико Франклин Ҳаддл ҳамчунин гуфт, ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон пас аз ҳамлаҳои терористии 11 сентябр рушду тавсиа ёфтааст.

Мусоҳибаи пурраи сафири Амрико бо Радиои Озодӣ дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG