Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Бишкек ба музокирот пардохтанд



Тоҳири Сафар



Рузи 16 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуввуми Комиссияи байниҳукуматии ташхис ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ба кор кард.

Ҷаббор Ҳомидов - муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба хабаргузории Азия Плюс гуфт, дар ин ҷаласа асосҳои ҳуқуқии ташхиси марз баррасӣ мешаванд. Ба гуфтаи у, дар нишаст ҷонибҳо бояд меъёрҳои ягонаро дар мавриди аломатгузории марз таъйин кунанд.

Ҷаббор Ҳомидов ҳамчунин гуфтааст, дар масъалаи тақсимбандӣ ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон як идда мушкилиҳо вуҷуд доранд. Тоҷикистон мехоҳад тақсимбандии марз аз рӯи ҳуҷҷатҳои соли 1925-27 сурат бигирад, аммо мақомоти Қирғизистон ба ин розӣ нестанд ва меъёри дигар пешниҳод доранд. Минтақаҳои баҳснок низ дар марзи ду кишвар зиёд аст ва хатти марз ҳатто аз миёни маҳаллаҳои аҳолинишин мегузарад.

XS
SM
MD
LG