Мирзонабии Холиқзод
Додгоҳи Олии Тоҷикистон рузи 7-уми апрел паси дарҳои баста дар дохили маҳбаси рақами 7-и шаҳри Душанбе ба муҳокимаи парвандаи як гуруҳи 35-нафарие оғоз кард, ки ба ҷосусӣ ва хиёнат ба втан айбдор шудаанд.
Ин афродро соли гузашта вазорати амнияти Тоҷикистон аз навоҳии Истаравшану Исфараву Мастчоҳ ва аз мавзеъи Себистони ноҳияи Данғара боздошт кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, фаъолияти ин гуруҳ аз суи як кишвари хориҷӣ маблағгузорӣ мешуд, вале аз ин кишвар мушаххасан ном набурдааст.
Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.