Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хостори қатъи ҷанг дар Ироқ шуд



Мирзонабии Холиқзод

Вай гуфт, агар ин ҷанг тӯлонӣ шавад, гурӯҳҳои тундрав эҳсоси мардуми мусулмонро бармеангезанд ва боиси ноамниҳо дар минтақа мешаванд.

Сайид Абдулоҳи Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон 26 март дар як нишасти матбуоти дар пойтахти кишвар гуфт, ҷанги Ироқ заминаҳоро барои боз ҳам фаъол гаштани нерӯҳои тундрави исломии зидди ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам месозад.

Саид Абдулоҳи Нурӣ изофа кард, Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ки аз аҳзоби бонуфузи Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҷонибдори ҳарчӣ зудтар хотима ёфтани ҷанг дар Ироқ мебошад, ва ҳаргуна ҷиҳодеро, ки аз тарафи кишварҳои мусулмонӣ ва ё ғайри мусулмонӣ эълон мешавад, пуштибонӣ намекунад.

Оқои Нурӣ мегӯяд:"Мо хоҳиш мекунем, қотеъона хоҳиш мекунем, ки ин ҷангро қатъ кунанд. Ман ҳеҷ гоҳ розӣ ва тарафдори ҷанг нестам, то ин ки ҷиҳод эълон шавад ва ҷанг зиёдтар шавад. Ин ба манфиати аҳли башар нест. Бинобар ин мо ва ҳизби ба ин гуна иқдомот ки пеш бурда мешавад, розӣ нестем. Бояд ки як таҷдиди назар шавад ва бӯҳрони Ироқ бо роҳи мусолиҳа ҳал гардад."

Дар мавриди ин ки ҷанги Ироқ чӣ таъсире ба амният ва суботи кишварҳои минтақа аз ҷумла ба Тоҷикистон хоҳад гузошт, оқои Нурӣ мегӯяд:"Агар ин ҷанги Ироқ тӯлонӣ шавад, ҳатман таъсири худро аз нигоҳи контрол ва дигар чизҳо мегузорад ва хашму ғазаби мухолифине, ки дар Афғонистон ҳастанд, зиёдтар мешавад ва роҳ барои таблиғот бештар мешавад. Ҳамин ҳодиса боиси он шудааст, ки ҳатто мусулмонони Русия мегӯянд мо омода ҳастем ва агар давлат моро иҷозат бидиҳад, ҷиҳод кунем. Пас онҳое, ки 20 сол инҷониб ҷиҳод мегӯянд ва зиндагишон ҷиҳод аст, аз ин фурсат истифода намекунанд, магар наметавонанд эҳсосоти мардумро барангезанд. Мушкил дар Ироқ зиёд шуд, контрол дар Афғонистон камтар мешавад."

Ба назари оқои Нурӣ, агар ҷанг дар Ироқ давомдор бимонад, бо истифода аз нооромиҳо дар минтақа аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон метавонанд, ба ин сӯи марз убур ва аз роҳи Тоҷикистон ба Узбакистон ҳаракат кунанд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳайси раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар расидагӣ ба ин суол, ки "Оё имкон дорад, гурӯҳҳои исломгаро дар Тоҷикистон ба нишони ҳамоовозӣ бо мусулмонони Йроқ алайҳи сафорати Амрико ва ё созмонҳои амрикоии мустақар дар ин кишвар даст ба амалиёти тахрибкорӣ зананд?" гуфт, фикр намекунам, чунки чунин гурӯҳҳо вуҷуд надоранд ва ҳеҷ ҷонибе дар Тоҷикистон манфиатдор нест, ки чунин гурӯҳҳо ҳузур пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG