Тоҳири СафарДилбар Шерматова мехоҳад бидонад, ки оё наққоши дигаре дар ҷаҳон мисли у тоблуро аз баргҳои садбарг таҳия мекунад?
Намоиши аксҳои наққоши ҷавони тоҷик, Дилбар Шерматова, дар намоишгоҳи Иттифоқи Рассомони Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Ин рассом, ки бо усули бесобиқаи таҳияи тоблуҳои наққошии худ, шуҳрат пайдо кардааст, 10 асари худро дар ин намоишгоҳ, ба маърази тамошои дустдорони ҳунари наққошӣ гузоштааст.
Дилбар Шерматова, ки аслан тоблуҳои наққоширо аз баргҳои гули садбарг таҳия мекунад, мегуяд, аксҳои мушкилсози ӯ аллакай дар намоишгоҳҳои хусусии Амрико, Русия ва Британияи Кабир нигоҳ дошта мешаванд.
Дар тоблуҳое, ки рассом ин дафъа таҳия кардааст, чеҳраи кудакон, раққосаҳои хурдсол, паррандаи фламинго дар манзараи ғуруб мунъакис шудаанд.
Дилбар Шерматова мегуяд, наққошӣ бо истифода аз гулбаргҳои садбаргро тасодуфан ошкор кардааст. "Ду се сол пеш ҳангоми варақгардонии китобе, ғунчаҳои хушкидаи садбаргро аз миёни он пайдо намудам ва ранги фиребои онҳо маро водор ба сохтани тоблуи наққошӣ кард. Аммо ин гулбаргҳо фақат барои сохтани фақат чеҳраи духтари панҷсола кифоят кард, вале он ҳам хеле хуб баромад ва ба худам писанд афтод."
Дилбар Шерматова сирри хушконидани гулбаргҳо ва онро, ки кадом навъи садбаргҳо барои сохтани тоблуҳои наққошӣ мувофиқ меоянд, пинҳон медорад. Аммо ба гуфтаи у хушконидани гулбаргҳо ва таҳияи тоблуи наққошӣ аз онҳо корест, заҳматталабу мушкил ва тулонӣ. Вай мегуяд:"Барои таҳияи як тоблу ду ё се моҳ ва ё зиёдтар аз ин масраф мешавад."
Намоиши аксҳои Дилбар Шерматова дар намоишгоҳи Иттифоқи Рассомони Тоҷикистон на фақат эътирофи ҳунари ӯ, балки ба гуфтаи Дилбар имтиҳонест барои шомил шудан дар Иттифоқи Рассомон. Ва бо баргузории ин намоишгоҳ Дилбар Шерматова умед дорад, аз он огоҳ шавад, ки оё дар ҷаҳон наққоши дигаре ҳаст, ки қалами наққошиаш гулбаргҳои зарду сурху сафеди садбарг бошад.