Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи Ҳюман Райтс Увотч



Салими Аюбзод

Баъзе қадамҳои мусбат бардошта шуданд, аммо вазъият ба сурати куллӣ ҳамоно ташвишомез боқӣ мондааст, мегӯяд созмони дидбони ҳуқуқи инсон Ҳюман Райтс Увотч дар гузориши соли 2002.

Гузориши нави Ҳюман Райтс Увотч дар бобати вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нисбат ба гузориши соли гузашта, ин бор як андоза мусбаттар ба назар мерасад, аммо боз ҳам нақзи ҳуқуқу мушкилҳои зиёде номбар мешаванд. Аммо мушкили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳанӯз хеле зиёд ва ҷиддӣ аст ва дастовардҳо ба он андоза бузург нестанд, ки онро ба навъе ҷуброн кунанд.

Ҳюман Райтс Увотч дар мавриди қадамвои мусбат аз баъзе гузаштҳои ҳукумат дар муносибат бо матбуот, чунончи, иҷозаи кори се радиои ғайридавлатӣ, лағви парвандаи сардабири Чароғи рӯз ва ризоияти ҳукумат ба чопи нашрияи Додоҷони Атовулло дар дохили кишвар, ба ихтиёри вазорати адлия гузаштани маҳбасҳо аз дасти вазорати дохилӣ, лағви раводид ва ё визаи хуруҷӣ, таъсиси Кумисюни миллии ҳуқуқи башар ва сабти ном шудани Ҳизби Сотсиал Демократро номбар кардааст. Вале афзудааст, ки монополияи ҳукумат ба ягона матбааи рӯномаву маҷаллаҳо ва сензураи пешазчопии ин матбаа, идомаи фишору ҳамла ба журналистон барои нашри маводи интиқодӣ, чунончи, даъвати се журналисти телевизиони СМ-1-и Хуҷанд ба сафи артиш, аз кор ронда шудани хабарнигори телевизиони Кӯлоб Сӯҳроб Фаррухшоев ва барканории сардабири Садои Душанбе Сафаргули Олимӣ, ки ба ин гузориш дохил нашудааст, аммо хоҳад шуд, худсонсурии журналистон ва нашрияҳо бар пояи тарс, бозии литсензия барои роҳ надодан ба расонаҳои мустақил, ҳабсҳои бешумори аъзои эҳтимолӣ ва ё хайрхоҳони Ҳизби Таҳрир ва шиканҷа дар маҳбасҳо аз камбудиҳои аслии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буданд. Ҳюман Райтс Увотч мегӯяд, баёноти шоҳидонро дар даст дорад, аз ҷумла аз Қиёмиддин Мирзоев ва се шарики ӯ, ки дар қатли Ҳабиб Сангинов айбдор шуданд, зери шиканҷаи сахтба чунин иқрор расидаанд. Ва ё ин ки қазияи бозпурсӣ ва иқрори Абдуҷалил Ҳомидов, собиқ раиси вилояти Ленинобод, Суғди ҳозира зикр ёфта, ки якҷо бо 19 нафари дигар дар таҳияи сӯйиқасд ба ҷони президент ва афроди давлатӣ айбдор шуд. Манобеъи дипломатӣ ба Ҳюман райтс Увотч гуфтаанд, бархе аз ини боздоштшудагон дар маҳбас ба ҳалокат расидаанд.

Дар соли 2002-юм фишор ба рӯҳониён ва аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, баъди сафари президент Раҳмонов ба ноҳияи Исфара ва эълони ин ки се сокини ин ноҳия дар маҳбаси Гуантанамо мебошанд, афзоиш ёфт. Зимнан, Пажӯҳишгоҳи Кестон хабар медиҳад, ки ин фишору таъқиб идома дорад.

Ҳукми қатл дар додгоҳҳои махфӣ ва бе ҳимояти ҳақиқии қонуну вакилони дифоӣ, иҷрои зиёди ин ҳукм ва мухолифат ба баррасии лағви ин ҳукм, роҳ надодан ба ширкати номзадҳои ғайр аз Ҳизби Халқию Демократӣ дар интихоботҳо, радди паноҳандагӣ ба гурезаҳои афғон дар ҷазираҳои Панҷ ва бозгардони маҷбурии нӯҳ афғон ба ватанашон ҳамчун мушкилоти дигари кишвар зикр гаштаанд.

Ҳюман райтс Увотч ташкили Кумисюни миллии ҳуқуқи башарро ҳодисаи мусбат меномад, вале мегӯяд, гузаштаи раиси он Саидамир Зуҳуров, собиқ вазири амният, дар ин вазифа шубҳаовар аст ва аз ҷумла иқтибос мешавад, ки Зуҳуров Ҳизби таҳрирро таҳдиди ҷиддтар аз ҳамлаи хориҷӣ номидааст.

Сипас гуфта мешавад, ки афзойиши ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Ғарб дар эътилофи ҷаҳонии зидди терроризм ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон то андозае таъсири мусбат доштааст. Аммо аз он ҷо ки ин ҳамкорӣ қудрати президент ва ҳизби ӯро тақвият дод ва шарикони ғарбӣ камтар ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон дахолат мекунанд, ин натиҷа бештар зоҳирӣ ва нопойдор номида мешавад. Ҳюман райст Увотч мегӯяд, масалан, Иёлоти Муттаҳида бо вуҷуди гузориши хеле манфии соли гузашта, таҳрими фурӯши силоҳро ба Тоҷикистон лағв кард. Бо вуҷуди ин аз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва дигар ҳамкорони Тоҷикистон дархост мешавад, ки ба мавзӯъи ҳуқуқи башар эътибори ҷиддӣ диҳанд ва ҳама гуна кӯмакҳои молиро бо беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон вобаста кунанд. Аз ниҳодҳои хориҷӣ Ҳюман райтс Увотч ба кори Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо баҳои мусбат медиҳад, махсусан дар маорифи ҳуқуқи инсон, тамрини афсарони интизомӣ ва беҳбуди меъёрҳои адлия дар Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG