Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полисҳои аврупоӣ ба ҳамтоёни тоҷики худ усулҳои мубориза бо гардиши маводи мухадираро меомӯзанд



Мирзои Салимпур

Муттахасисони Иттиҳодияи Аврупо иҷрои як барномаи омӯзиширо барои кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон оғоз мекунанд.



Муттахасисони Иттиҳодияи Аврупо иҷрои як барномаи омӯзиширо барои кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон оғоз мекунанд. Дар ҷараёни омӯзиш кормандони пулиси кишварҳои Аврупо ҳамтоёни тоҷики худро бо тарзу шеваҳои замонавии кашф ва мусодираи маводи мухаддир ва бо роҳҳои таъмини амнияти парвозҳо шинос хоҳанд кард. Ба иттилои ожонсии мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи татбиқи ин барнома ба мақомоти интизомии Душанбе таҷҳизоти кашфи маводи мухаддир низ ироа мекунад, ки баъдан дар фурудгоҳҳои ин кишвар гузошта хоҳанд шуд. Мақомоти интизомӣ ва марзбонони рус дар Тоҷикистон мегӯянд тайи соли равон дар марзҳои ин кишвар беш аз дуюним тонна маводи мухадир кашфу мусодира кардаанд.





XS
SM
MD
LG